Ҷавобгарии маъмурӣ

Ҷавобгарии маъмурӣ як намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) татбиқ карда мешавад. Агар ба ин мафҳум назар кунем, яъне ҷавобгарии маъмурӣ танҳо дар сурати содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пайдо мешавад. Албатта, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамали) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад. Намудҳои гуногуни содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси намудҳои гуногуни ҷазоҳои маъмурӣ мегарданд.

Асоси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ин содир шудани кирдорест, ки тамоми аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар бар гирад.

Агар дар муқоиса ба ҷавобгарии ҷиноятӣ гирем, дар ҷавобгарии маъмурӣ низ чор аломати таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз қабили объекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (яъне, он муносибатҳои ҷаъиятиест, ки қонун ҳифз мекунад ва бо ҳуқуқвайронкунӣ осеб мебинад), тарафи объективӣ (ин зуҳуроти ҳуқуқвайронкунӣ аст, яъне амал ё беамалӣ, оқибатҳои зарар, робитаи сабабӣ байни амал ва оқибат), субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (шахси воқеие, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синни ӯ ба шонздаҳ расида бошад) ва тарафи субъективӣ (яъне, дар қасд ё беэҳтиётӣ) мебинем.

Қонунгузорӣ ду тарзи озод кардан аз ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ кардааст:

  1. Агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият бошад, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, метавонанд шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуда, бо таъини огоҳии шифоҳӣ маҳдуд гарданд. Мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият дониста мешавад, ки дар натиҷаи он ба шахси воқеӣ ба андозаи то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахси ҳуқуқӣ ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарари моддӣ расонида шуда бошад.
  2. Шахси воқеие, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати номукаллафӣ қарор дошт, яъне бар асари бемории рӯҳии доимӣ, парешонии муваққатии рӯҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари бемории рӯҳӣ хусусияти воқеӣ ва зиддиҳуқуқии худро дарк ё онро идора карда наметавонист.

Дар асоси моддаи 23(1) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ барои шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ кардааст ва тибқи моддаи мазкур иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсони воқеӣ ё мансабдор дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии қасдона шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад. Шарикони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкилкунанда, ёрдамчӣ ва иҷрокунанда мебошанд.

Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст ё якҷоя бо шахсони дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиқи КҲМ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст.

Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ кардааст.

Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҳуқуқвайронкунанда, восита ё олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, осори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ашёи бо роҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст.

Ҷавобгарии ташкилкунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба моддаи 23(1) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошанд.

Ба ҷавобгарии маъмурӣ метавонад шахси воқеӣ, ноболиғон, соҳибкори инфиродӣ, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, ҷалб гардад.

Тибқи тартиби муқарраркардаи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ноболиғон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ноболиғ шахсе мебошад, ки синни аз 16 то 18 муқаррар гардидааст.

Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) метавонанд ҳолатҳои мушаххаси дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда ва маълумоти марбут ба ноболиғро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳ содир кардааст, ба назар гирифта, он шахсро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намоянд. Баъди аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор қабул гардидани қарори аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ноболиғ парванда дар ҳаққи ӯ барои татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонӣ ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фиристода мешавад.

Шахси мансабдор барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Соҳибкорони инфиродӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Таҳти мафҳуми соҳибкори инфиродӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси воқеие фаҳмида мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.

Шахси ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Шахси ҳуқуқӣ ҳамчунин метавонад барои кирдори (амал ё беамалии) шахси воқеие, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ гардад, ба шарте, ки муқаррар карда шавад, ки ин шахси воқеӣ ҳамчун намояндаи (узв, роҳбар) шахси ҳуқуқӣ кирдори ғайриқонуниро ба манфиати онҳо содир кардааст.

Агар дар моддаҳои дахлдори қисмҳои умумӣ ва махсуси Кодекси мазкур зикр нагардида бошад, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи ин моддаҳо танҳо нисбат ба шахси воқеӣ ё танҳо нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар ин сурат меъёрҳои мазкур ҳам нисбат ба шахси воқеӣ ва ҳам нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин меъёрҳо мазмунан метавонанд танҳо нисбат ба шахси воқеӣ ё танҳо нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ карда шаванд.

Ҳангоми якҷояшавии якчанд шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқии навтаъсис кашида мешавад.

Ҳангоми ба дигар шахси ҳуқуқӣ ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқие, ки онро ба худ ҳамроҳ кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Ҳангоми ҷудо шудани шахси ҳуқуқӣ ё аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ баромадани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи тавозуни (баланси) тақсимот шахси ҳуқуқии навтаъсис ва ё ҳар як шахси ҳуқуқие, ки аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ баромадааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Ҳангоми табдил додани шахси ҳуқуқии як намуд ба шахси ҳуқуқии намуди дигар барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи оинномаҳои интизомӣ ва ё қоидаҳои махсус ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷии (намояндагию филиалҳои онҳо ва ғайра) воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шаҳрванди хориҷии ҳуқуқи дахлнопазирии (масунияти) дипломатӣ дошта, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Ҷавобгарии маъмурӣ нисбати шаҳрванди хориҷии дахлнопазирии (масунияти) дипломатӣ дошта, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

 

Қонунгузорӣ муҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданро ба муҳлати се моҳ аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузашта бошад ва ба муҳлати шаш содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии зеринро, аз қабили:

— вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

— дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

— дар соҳаи истифодаи замин;

— дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

— вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ё боиси расонидани зарари сабук ба саломатии ҷабрдида гардидаанд);

— дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;

— дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

— дар соҳаи саноат, фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон;

— дар соҳаи қонунгузории бонкӣ;

— дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

— дар соҳаи қонунгузории гумрук;

— дар соҳаи қонунгузории андоз;

— вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

— вобаста ба коррупсия.

Дар сурати давомнок будани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоби мӯҳлатҳои пешбининамуда аз рӯзи ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз мегардад.

Ҳангоми рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, агар дар ҳаракатҳои шахс аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд бошад, дар ин ҳолат ҳисоби мӯҳлати се моҳаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ оғоз меёбад.

Дар сурати қонеъ гардонидани хоҳишномаи шахсе, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ӯ баррасӣ мешавад, дар хусуси баррасии парванда дар ҷойи зисти ў мўҳлати давом ёфтани ба љавобгарии маъмурӣ кашидани шахс аз лаҳзаи қонеъ намудани хоҳишнома то лаҳзаи воридшавии маводи парванда ба судя, мақомоти давлат ва ё шахси мансабдоре, ки барои баррасии парванда дар љойи зисти он шахс ваколатдор мебошанд, боздошта мешавад.

 

Мартабшозода Фаридун-судяи суди ноҳияи Бобољон Ғафуров