Мулоқоти судманд бо сокинони ноҳия
20 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти мазкур доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон зимни сухани ифтитоҳии худ зикр дошт, ки баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо фаъолону сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия аз дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, мувофиқи нақша дар ҳамаи ҷамоатҳо баргузор шуда истодааст. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар ин раванд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури доимии корӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати амалӣ намудани нишондоди ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳар фарди ҷомеа бояд масъулияти ҷиддӣ зоҳир намояд. Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, аз ҷониби раиси суди ноҳия Сангинзода Ғайрат муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар идома сардори шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Чоршамбиев Раҷабек дар мавриди таҳкимбахшии раванди корбарӣ дар мақовимат бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки ба амнияти кишвар халалҳо эҷод карданаш аз эҳтимолият дур нест, маъруза пешниҳод намуд.
Дар охир арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, роҳҳои ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда мушаххас гардонида шуд.

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 