Идомаи сӯҳбату вохӯриҳо

Санаи 25 феврали соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 16 ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд вохӯрии навбатии раиси суд Сангинзода Ғайрат бо омӯзгорону хонандагон сӯҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд. Раиси суд Сангинзода Ғайрат доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон ибрози андеша карданд.