Маҷлиси идона

23 феврали соли 2026 дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона баргузор гардид. Раиси суд Сангинзода Ғайрат ҳозиринро ба 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, қайд кард, ки қувваҳои мусаллаҳ ва артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ буда, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа нақши муҳим дорад. Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Дар охир ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ саломатии бардавом, иродаи қавӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳифзи Ватан муваффақиятҳои нав таманно карда шуд.