Ҳисоботи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “Оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2020 дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2019»

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро тибқи талаботи Конститусия ва  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2020 як қатор корҳоро ба иҷро расонидааст.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ ба суд 175 (нимсолаи якуми соли 2019 — 257) адад  парвандаи ҷиноятӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 парванда кам мебошад. Аз ин миқдор 158 (229) адад парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст, ки дар қиёс бо давраи муқоисашаванда 71 адад кам мебошад.

Аз ин миќдор парвандаҳо, 137 адад (210) парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 151 (247) шахс бо баровардани ҳукм баррасӣ шудааст.

Аз миќдори умумии парвандаҳои бо баровардани ҳукм баррасишуда, нисбати 55 (98) шахс ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбати 6 (10) судшаванда корҳои ислоҳӣ, нисбати 67 (47) нафар ҷарима, нисбати 11 (13) шахс бо шартан татбиќ накардани ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ, нисбати 9 (11) шахс корҳои ҳатмӣ ва нисбати 3 (1) ашхос бо мавќуф гузоштани иҷроиши ҳукм ҷазо таъин гардидааст. Дар баробари ин 20 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 20  шахс бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1468 ва бо татбиқи моддаҳои 72, 73,74 ва 89-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.

Дар ин давра, парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 8 (8) адад нисбати 11 (16) шахс,  характери коррупсионидошта 1 (8) адад нисбати 1 (9) шахс ва аъзои ҳизбҳои ғайриқонунии характери экстремистидошта 2 (2) адад нисбати 3 (9) шахс баррасӣ гардидааст.

Дар ин давра, бо ҳукми суд 1 (5) нафар ноболиғон ва 12 (15) нафар занҳо маҳкум шудаанд.

Ҳамзамон, 17 адад парванда то давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки аз онҳо 3 адад парвандаҳо бинобар сабаби кофтукови судшавандаҳо дар пешбурди суд боздошта шуда, 14 адади дигар мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз тарафи судҳои болоӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ санадҳои судии марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ бекор карда нашудаанд.

Инчунин, аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаҳои ҷиноятӣ бо вайрон кардани мўҳлат баррасӣ карда нашудааст.

Дар ин давра аз рўи парвандаҳои ҷиноятии баррасигардида 125 (120) адад таъинотҳои хусусӣ қабул ва 49 (40) парвандаҳои ҷиноятӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 240 (297) адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 парванда кам мебошад.

Аз ин миқдор парвандаҳои гражданӣ, 193 (248) адад парванда баррасӣ шудааст, ки дар қиёс бо давраи муқоисашаванда 55 адад кам мебошад. Ҳамзамон, 47 (49) адад парванда то давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аз ин миќдор, 115 (102) адад парвандаҳо бо баровардани ҳалнома ва 37 (88) адад фармон баррасӣ гардидааст.

Инчунин, баррасии 11 (12)  адад парвандаҳо қатъ ва 28 (44)  адад парвандаҳо бе баррасӣ мононда шудааст.

Зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23 (20) адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, 36 (33) маротиба мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронида шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби суди марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии суди вилояти Суғд — (2) адад санадҳои судии марбут ба парвандаҳои гражданӣ бекор карда шудааст.

Инчунин, аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаҳои гражданӣ бо вайрон кардани мўҳлат баррасӣ карда нашудааст.

Натиҷаи парвандаҳои гражданӣ чунин мебошад.

Р/т Парвандаи гражданӣ Соли 2020 Соли2019
1. Ҳамагӣ ворид 240 297
2. Баррасӣ 193 248
3. Бо баровардани ҳалнома

Бо баровардани фармон

152 190
Аз он қонеъ 146 187
Аз он рад 6 3
4. Бо ќатъ намудани парванда 11 12
5. Бе баррасӣ мононда шуд 28 44
6. Аз рўи тобеъият ирсол шуд         2 2
7. Дар давраи ҳисобот боќӣ 47  49

Дар ин давра ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 699 (765) адад парвандаҳои оилавӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 парванда кам мебошад.

Ҳамзамон, 577 (624) адад парвандаҳои оилавиро мавриди баррасӣ ќарор дода, аз ин миќдор 483 (514) адад парвандаҳо бо баровардани ҳалнома ва бо баровардани фармон баррасӣ нагардидааст.

Инчунин, баррасии 41 (51) адад парвандаҳо ќатъ ва 48 (56) адад парвандаҳо бе баррасӣ мононда шудааст.

Зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ аз ҷониби судяҳо 92 (89) адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, 62 (59) парвандаҳо дар мурофиаи сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби марҳилаи кассатсионии суди вилояти Суғд санади судии марбут ба парвандаҳои оилавӣ бекор карда нашудааст.

Инчунин, аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаҳои оилавӣ бо вайрон кардани муҳлат баррасӣ карда нашудааст.

Натиҷаи парвандаҳои оилавӣ чунин мебошад.

Р/т Парвандаҳои оилавӣ Соли 2020 Соли 2019
1. Ҳамагӣ ворид 699 765
2. Баррасӣ 577 624
3. Бо баровардани ҳалнома 483 514
Аз он ќонеъ 434 448
Аз он рад 49 66
4. Бо ќатъ намудани парванда 41 51
5. Бе баррасӣ мононда шуд 48 56
6. Аз рўи тобеъият ирсол шуд 5 3
7. Дар давраи ҳисобот боќӣ 122 141

Ба ғайр аз ин, дар суд 782 (996) парвандаҳои ҳуќуќвайронкунии маъмурӣ (назар ба солонаи соли гузашта 124 адад кам) мавриди баррасӣ ќарор гирифта, нисбат ба 58 (28) ашхос ҷазои ҳабси маъмурӣ, нисбат ба 548 (729) нафар ҷарима ба маблағи 587293 (1.037.590)  сомонӣ, нисбат ба 158 (209) шахс ҷазои мусодираи молу мулк, нисбати 53 (38) нафар ҷазои маҳрум кардан аз ҳуќуќи махсус, аз ҷумла 6 (2) адад ҳамчун ҷазои асосӣ, нисбат ба 67 (85) шахс огоҳӣ татбиқ карда шудааст. Баррасии 2 (5) адад парвандаҳо қатъ карда шуда, 94 (147) адад парвандаҳо барои барасмиятдарории нав баргардонида шуда, аз рўйи тобеият ирсол намудан 1 (-) адад ирсол карда шудааст.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба суд нисбат ба 5 (8) ашхос парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ворид гардида, дар маҷмўъ нисбати онҳо ба маблағи 29000 (44000) сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судяҳо ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунҳои амалкунанда ва барои бартараф кардани сабаб ва шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда 116 (114) адад таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳо бароварда шуда, 92 (89) парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шудаанд.

Аз ҷониби судҳои марҳилаҳои болоӣ санадҳои судии марбут ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор карда нашудааст.

Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 143 (457) адад  пешниҳодҳои маќомоти иҷрои ҷазо ва хадамоти иҷро бобати иваз кардани мўҳлати адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, бекор кардани маҳкумкунии шартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардидааст.

Дар судҳои ҷумҳурӣ аз рўи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор гирифтааст, 46 (73) дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ва маҷбуркунии мурофиавӣ баррасӣ гардидааст, ки пурра қонеъ карда шудааст. Аз ҷумла, аз рўи дархостҳои қонеъшуда судяҳо барои ба ҳабс гирифтани 46 (73) нафар, — (-) адад гўш ва сабт кардани гуфтугў иҷозат додаанд.

Аз тарафи суди болоӣ  ќарорҳои судӣ оид ба баррасии пешниҳодҳои мақомоти иҷрои ҷазо ва хадамоти иҷро, дархостҳои маќомоти тафтишоти пешакӣ бекор карда нашудааст.

Дар ин давра тибқи нақшаи тасдиқгардида барои таъмини таҷрибаи ягонаи баррасии парвандаҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта доир ба мавзўъҳои: Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасӣ намудани парвандаҳои оилавӣ вобаста ба руёнидани алимент ва ёрии моддӣ» ва «Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 3071-4 ва 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷамъбастиҳо гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси нақшаи корӣ кормандони суди ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳакимияти маҳаллӣ дар мавзӯъҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии аҳолии кишвар барои шомил шудан ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, мубориза бар зидди коррупсия, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ ва дигар мавзӯъҳои аҳамияти муҳимдошта бо аҳолӣ ва фаъолони ноҳия 163 (196) маротиба вохуриҳо гузаронида шуда, тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар рӯзномаҳо) 19 (15) маротиба, садо 40 (39) маротиба ва  симо 18 (15) маротиба баромад кардаанд.

Дар ин давра, бо мақсади пешгирӣ намудани сабабу шароитҳои барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятҳо мусоидаткунанда ва бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун, ки зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ошкор шудаанд, инчунин барои баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ ва оилавӣ аз ҷониби судяҳо ба роҳбарияти сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаву муассисаҳо дар маҷмўъ 356 (343) адад таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳо ирсол шуда, 239 (221) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.

Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 67 (47) шахс ҷарима ба андозаи 1 962 425, 5 (3 306 318) татбиқ шудааст, ки аз он 148680 (609 198) сомонӣ воқеан ба фоиди давлат руёнида шуда, 242500 (630450) сомонӣ иваз кардашуда, 52250 (-) сомонӣ бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Авф» озон карда шуд, 1 518 995, 5 (2 066 670) сомонӣ мавриди иҷро қарор дорад.

Аз маблағҳои боқимондаи ҷарима бо ҳукми суд 1 518 995,5 баъди супоридани ҳисоботи нимсолаи якум 46330 сомонӣ иҷро шуда, 1 472 665,5 сомонӣ мавриди иҷроиш  қарор дорад.

Зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҳисоби маҳкумшудагон ба фоидаи давлат маблағи зарар ба андозаи 208895,56 (6 594 279,8) сомонӣ рӯёнида шудааст, аз ин 201544,28 (96,481%) (5923651,2) сомонӣ воқеан ба фоиди давлат руёнида шуда, 7351,28 (3,519%) (670628,6) сомонӣ мавриди иҷро қарор дорад.

Аз рўи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи 875744,54 (100%) (429240,3) сомонӣ далелҳои шайъӣ ва аз рўи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун далели шайъӣ молу маҳсулот ба маблағи 482560 (100%) (494547) сомонӣ, дар маҷмўъ молу маҳсулот ҳамчун далелҳои шайъӣ ба маблағи 1.358.304,54 (923.787,3) сомонӣ  ба фоидаи давлат мусодира карда шудааст.

Доир ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ боҷи давлатӣ ба андозаи 51994,78 (100%) (65215,15) сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои ҷарима дар маҷмӯъ ба андозаи 587293 (1.037.590) сомонӣ таъин карда шуда, аз ин ҳисоб маблағҳои ҷарима ба андозаи 371717 (63,293%) (589444) сомонӣ  воқеан ба фоидаи давлат рӯёнида шуда, 215576 (36,707%) (448146) сомонӣ  мавриди иҷро қарор дорад.

Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2020 аз рўйи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 4.168.913,38 (11.927.191,25) сомонӣ маблағи ҷарима, зарар, мусодираи молу мулк ва боҷи давлатӣ рўёнида шудааст, ки аз он 2.132.240,6 (8.111.296,65) сомонӣ воқеан руёнидашуда, ҷазои ҷарима ба маблағи 294.750 (630.450) сомонӣ ба дигар намуди ҷазо иваз ва авф карда шудааст. Дар маҷмўъ 2.426.990,6 (58,216%) (8.741.746.65) сомонӣ воқеан ба иҷро расида, 1.741.922.78 сомонӣ (41,784%) (3.185.444,6) мавриди иҷро қарор дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Паёми Сарвари давлат аз 20 апрели соли 2011 раиси суд ва судяҳо рўзҳои шанбе 610 нафар шаҳрвандонро қабул ва ба муроҷиатҳои онҳо посух додаанд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти суд Нақшаи кории суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои нимсолаи дуюми соли 2020 тасдиқ карда шудааст ва суд бобати иҷрои вазифаҳои гузошташуда талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияти худро дар нимсолаи дуюми 2020 баҳри ноил гардидан ба нишондодҳои назаррас равона менамояд.