Таъини ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки дар қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ нишон дода шудаанд ва дар ҳолати барқарор намудани зарари моддии ба ҷабрдида расонидашуда пас аз баровардани ҳукм, инчунин иваз намудани ҷазо ҳангоми саркашӣ намудани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима
Таъини ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки дар қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ нишон дода шудаанд ва дар ҳолати барқарор намудани зарари моддии ба ҷабрдида расонидашуда пас аз баровардани ҳукм, инчунин иваз намудани ҷазо ҳангоми саркашӣ намудани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима
Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад. Тибқи моддаи 47 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима яке аз намудҳои ҷазо дар Кодекс пешбинӣ шудааст, ки он аз рӯи низом дар навбати аввал қарор дорад. Тибқи моддаи 49 КҶ ҷарима ба ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи Кодекс таъин мегардад.
Мавзӯи мазкурро ба қисматҳои зерин тақсим намудан мумкин аст:
- Таъини ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки дар қисми 6 моддаи 49 КҶ нишон дода шудаанд;
- Таъини ҷазо дар ҳолате, ки пас аз баровардани ҳукм зарари моддии ба ҷабрдида расонидашуда барқарор карда шудааст;
- Инчунин иваз намудани ҷазо ҳангоми саркашӣ намудани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима.
Таъини ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки дар қисми 6 моддаи 49 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд
Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 177 қисми 1 (Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон), 178 қисми 1 (Бадқасдона саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат), 245 (ба истиснои банди «а» қисми 4), 246 (ба истиснои банди «а» қисми 3), 247 (ба истиснои банди «в» қисми 3 ва банди «а» қисми 4), 251, 253, 2531 (ба истиснои қисми 3), 255 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди «г» қисми 2 ва банди «б» қисми 3), 258, 259, 259(1), 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисмҳои 1 ва 2, 295, 340(1) ва 388 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда таъин карда мешавад.
Яъне, аз ин бармеояд, ки меъёри мазкур судро ӯҳдадор намудаст, ки ба шахси ҷиноятсодиркарда пас аз барқарор шудани зарар ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршударо таъин намояд. Зарар албатта, бояд дар маҷлиси суд ҳангоми баррасии парванда ба таври реалӣ барқарор карда шавад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми барқарор намудани зарар ҷабрдида бо мақсади ғараз намехоҳад, ки онро қабул кунад, ё бо сабаби набудани ҷабрдида талофӣ намудани зарар имконнопазир мегардад, дар ин сурат тавсия дода мешавад, ки дар суратҳисоби махсус ба ному насаби ҷабрдида зарар гузаронида шуда, он тарафи суд бояд барқароршуда ҳисоб карда шавад.
Ногуфта намонад, ки моддаи 49 қисми 6 дар таърихи 15 апрели соли 2025 тағйироти навро илова намуд, яъне моддаи 253(1) (Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ) ба моддаи мазкур ворид карда шуд.
Бояд дар назар дошт, ки меъёри мазкур, яъне қисми 6 моддаи 49 танҳо то баровардани ҳукмро дар назар дорад. Агар дар муқоиса бо қисми 8 ҳамин модда назар кунем, дар он дида мешавад, ки пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад. Қонунгузорӣ ба маҳкумшуда имтиёз додааст, ки метавонад дилхоҳ вақт, яъне то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ва ё дар давраи адои ҷазо намудан зарари расонидаро барқарор намояд ва нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъингардида ба ҷазои ҷарима иваз карда шавад.
Суде, ки ҳукм баровардааст ҳамонро дар назар дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм агар маҳкумшуда зарари расонидаро талофӣ намояд, бо аризаи маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодии нисбаташ таъингардида ба ҷазои ҷарима мутобиқ карда мешавад. Ҳангоми баррасии ариза албатта шахсони иштирокчии парванда, яъне ҷабрдида ва айбдоркунандаи давлатӣ огоҳ карда мешаванд. Иштироки шахсони мазкур дар баррасии ариза ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.
Иваз намудани ҷазо ҳангоми саркашӣ намудани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима
Иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кори маҳкумшуда ё дар маҳалли аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани ҷазои асосӣ ба амал бароварда мешавад. Аз лахзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳкумшуда бояд дар давоми шаст рӯз ҷаримаро пардозад. Суд мутобиқи хоҳишномаи маҳкумшуда ва хулосаи иҷрочии мақомоти иҷро метавонад вақти пардохти ҷаримаро ба мӯҳлати то шаш моҳ мавқуф гузорад ё дароз кунад, агар пардохти яквақтинаи он барои маҳкумшуда имконнопазир бошад. Мӯҳлати мазкур аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳисоб карда мешавад
Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима ба ҳисоб меравад, агар маҳкумшуда ҷаримаро дар мӯҳлати муқаррарнамуда насупорида бошад ва даромаду молу мулки худро аз ситонидани маҷбурӣ пинҳон дошта бошад. Дар ҳолате, ки маҳкумшуда аз пардохти ҷарима ашаддӣ саркашӣ менамояд, ё супоридани ҷарима барои ӯ имконнопазир аст, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба дигар намуди ҷазо иваз намудани ҷарима тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба суд пешниҳод ирсол менамояд.
Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 49 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби иваз намудани ҷаримаро чунин гурӯҳбандӣ кардааст:
— дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима суд онро бо ҷазоҳои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида, дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, иваз менамояд;
— дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 6, 7 ва (ё) 8 моддаи 49 ба сифати ҷазои асосӣ таъин ё иваз карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд.
Қонунгузор фақат дар ҳолати иваз намудани ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро, ки як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, муайян кардааст. Дар дигар маврид бошад, мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима суд онро иваз мекунад.
Ҳангоми иваз намудани ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима, мӯҳлат ва андозаи ин намуди ҷазоҳо набояд аз ҳадди поёнӣ ва болоии муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ бо назардошти қисми адокардаи ҷазо кам ва ё зиёд бошанд.
Мартабшозода Фаридун-судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 