Варзиш- кафили солимӣ

Санаи 12 августи соли 2021 дар доираи чорабиниҳои варзишӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи варзишгарон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек суханронӣ намуда, ҷиҳати тарбияи варзишгарони касбӣ, ҳамаи кормандони соҳаи варзишро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, дар охир ба 25 нафар варзишгарон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Инчунин дар ин рӯз ғолибони мусобиқаҳои ноҳиявӣ аз рӯи намудҳои футболи хурд, волейбол Mix (омехта-мардон ва занон) тенниси руи миз, шоҳмот ва шашка байни ташкилоту муассиса ва корхонаю идораҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷоми рамзӣ, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол Mix (омехта) кормандони суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюмро ишғол намуданд, ки аз ҷониби Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек бо Ҷоми рамзӣ, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.