Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 15 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Ғафуров судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саломзода Ҷумахон Ҷурахон бо иштироки муовини раиси Ҷамоати шаҳрак ва фаъолони ин Ҷамоат, вохӯрӣ гузаронида, оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва истифодаи дурусти самаранокии нерӯи барқ маърӯза намуданд.

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 