ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО, САБАБУ ОМИЛҲО ВА ПАЁМАДҲО

       Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

                                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Оила макони муқаддасест, ки муоширати иҷтимоӣ аз он сарчашма гирифта, дар заминаи он одобу ахлоқ низ инкишоф меёбад. Маҳз дар оила иззату эҳтиром ба калонсолон, шафқату меҳрубонӣ ба хурдсолон, самимию дилсӯз будан бо ҳамсолонро меомӯзанд.

Воқеан, оила оинаи кӯдак аст. Кӯдак дар ин “оина” ояндаи худро мебинаду барои муносибатҳои шахсии худ дар оянда тарҳе месозад. Дар тарҳи сохтаи кӯдак тамоми хислатҳои падару модар, гуфтору рафтор ва пиндори онҳо инъикос меёбад. Падару модар муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд. Кӯдаке, ки дар оилаи солим ба воя мерасад, дар оянда инсони комил, шахсияти арзанда ва сарсупурдаи миллати хеш мегардад.

Бешак, тамоми бурду бохт, суду зиён, муҳаббату хиёнат, барору нобарорӣ дар зиндагии рӯзмарраи тамоми одамони сайёра ба солимии оила вобастагӣ дорад. Бале, солимии оила, яъне рафоқату муҳаббати аъзои оила, ки аз омилҳои асосии пойдории он мебошад, метавонад ҷомеаро аз ҳар гуна паёмадҳои нохуш эмин нигаҳ дорад.

Пайванди оила, бо арзишҳои оилавӣ алоқамандии зич дорад. Агар оила барҳам хӯрад, ё муносибати дурушту дағалона миёни аъзоёни оила, махсусан зану шавҳар ба миён ояд, арзишҳои оилавӣ низ ба таври худкор аҳамияти худро гум мекунанд. Арзишҳои анъанавии оилавӣ, ки  дар асоси ғамхорӣ ва муҳаббат бунёд мешаванд, оҳиста — оҳиста коҳиш меёбанд.

Дар ҷомеаи пешрафту муосири мо дар баробари муваффақиятҳои зиёд, мутаассифона пошхӯрии оилаҳо зиёд буда, нишондодҳои омории он боиси нигаронӣ мебошад…

Қадр, қиммат, муҳиммияту таъсиргузор будани оила ҳамчун муқаддастарин макони зист, дарку фаҳмиши ин барҷастагӣ байни ҷомеаи имрӯза то андозае коҳиш ёфта, мушкилиҳои зиёдро ба миён овардааст.

Беҳуда нагуфтаанд: “Зиндагӣ мисли дарёест, ки маҷрои худро дорад. Оила бошад, мисли киштиест, ки ки дар маҷрои он гоҳе баланду гоҳе паст шино мекунад. Агар киштӣ роҳу мақсади худро дошта бошад, ба соҳили уммед мерасад, агар бетараф бошад он саргардон мемонад.” Аз ин андеша бармеояд, ки пойдории киштӣ, ба кадом соҳил расидани он аз ҳар нафари дар он буда вобаста аст.  Яъне ҳар як аъзои оила тавлидгари хуррамӣ ва муҳофизи хушбахтӣ дар оила буда метавонанд.

Оила ҳамчун ниҳоди хурди давлат, ба давлати мустақил заминаи боэътимод мегузорад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  оила ҳамчун асоси ҷамъият маънидод гардида, зери ҳимояи давлат будани он кафолат дода шудааст. Дар моддаи 33 гуфта шудааст: “ Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.”

Ҳамчунин, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (муносибатҳои вобаста ба никоҳ ва оила), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (вобаста ба вазифаҳои волидон дар таълиму тарбия), “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрҳо вобаста ба муносибатҳои оилавӣ дарҷ шудаанд.

Тибқи мушоҳидаҳо дар раванди фаъолияти судӣ ва баррасии парвандаҳо маълум гардид, ки сабабҳои  бекоршавии никоҳ аксаран паст будани сатҳи дониши тарафҳо нисбат ба арзиши оиладорӣ, эҳтиром накардани волидайни ҳамсар, имкониятҳои маҳдуд барои таъмини оила, инчунин бо ҷои кори дохилӣ қонеъ нагашта, муҳоҷиратро ихтиёр кардани ҷавонон, махсусан ҷой надоштани таҳаммулпазирӣ ва садоқату вафодорӣ байни ҷавонон, воқиф набудани ҷавонон аз маърифати оиладорӣ ва омилҳои ба ин монанд мебошанд. Дар ин маврид ҳолатҳои бисёре, нишон дода истодаанд, ки аз ҷониби калонсолон макони муқаддас будани оила ва пос доштани муносибатҳои оиладорӣ кам андар кам фаҳмонида шудааст.  Дар ҳоле, ки ҳанӯз аз даврони наврасӣ фарзандро ба ҳаёти оиладорӣ, муносибатҳои зану шавҳар, тарбияи фарзандони солеҳу солим омода кардан шарти зарурист. Мутаассифона, дар аксар оилаҳо дар ин мавзӯъҳо умуман сухан намеравад, чун бархе аз волидон муҳокимаи чунин мавзӯъҳоро дар ҳузури фарзандон “номуносиб” мешуморанд.
Инчунин дахолати бемавриди баъзе аз волидон ба ҳаёти навхонадорон низ боиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон гардида истодааст. Ба воя расонидани фарзанд кори саҳлу содда нест, аммо хушбахтии онро дар як лаҳза барҳам додан чунон соддаву сабук шудааст, ки гӯё ба осонӣ фарзанд калон карда бошанд ва сӯхтани ҳаёти осоишта ягон қиммате надошта бошад. Омили дигар истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, ки ба ҳамдигар (ба зану шавҳари ҷавон) нобовариро ба миён меорад. Инчунин бархе аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ низ мебошад. Дарвоқеъ, қисме аз ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар сафар мекунанд. Баъзе ҷавонон дар муҳоҷират хонадор шуда, ё ҳамсари тоҷикистонии худро тавассути телефону “смс” (паёмак) талоқ медиҳанд, ё ӯро умре мутеъ ва хизматгори хонадони волидонашон нигоҳ медоранд. Чунин омил низ нобаробарӣ ва ноадолатӣ миёни зану шавҳар мегардад.

Баъзе ҷавононе низ гӯши суханшунав надоранд, насиҳату машварати калонсолонро хӯрдагирӣ ва дахолати ноҷо ба ҳаёти мустақилонаи навхонадорон меҳисобанд. Одоби шарқиёнаву фарҳанги баланди оиладории мо нишон медиҳад, ки дар оиладорӣ зану шавҳар таҳаммулпазиру сабур бошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Меваи сабр ширин аст”. Ҷавононро мебояд, ки ба рағми мушкилоту сангиниҳои ба сарашон омада пурбардоштиро пеша намоянд. Ба қавли Рӯдакии бузургвор:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!

…аз рӯзгори падару бобоёни худ сабақ бигиранд, аз таҷрибаи рӯзгор омӯзанд, то баҳри рафъи ҳаводис онҳоро ба кор ояд. Барои ин сатҳи дониш ва маърифати онҳоро бояд баланд бардошт. Зеро, эҳтиром ва якдигарфаҳмӣ миёни ҳамсарон пояҳои оиладориро устувор ва баракатро зиёда мегардонанд.

Ғайрат Сангинзода, раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров