Пешгири аз коронавирус (COVID-2019)
Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар ва амалисозии тадбирҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, тибқи фармоиши раиси суд аз 21 апрели соли 2020 таҳти №18 Ситоди дохилиидоравӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шуд, ки ситоди мазкур то пурра нест шудани таҳдиди хатари воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус ба кишвар доимоамалкунанда буда, иҷрои супоришҳои вобаста ба онро таъмин ва назорат карда, ҳамарӯза дар ин самт вазъи ҷойдоштаро дар суд таҳлил намуда, бобати зарурияти анҷом додани корҳои пешгирикунанда таклифҳо манзур менамояд.
Бобати корҳои дар ин самт ба иҷро расонидашуда рӯзи 18 апрели соли 2020 аз ҷониби Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маҳлули хлордор гирду атроф ва дохили бинои суд, роҳравҳо ва утоқҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар маҷмуъ масоҳати 2000м2 пурра безарар (дизинфексия) карда шуд.
Дар баробари ин, миқдори зарурии маҳлули хлор, маводи дезинфексионӣ (антисептикҳо), маводи шӯянда ва спирти тиббӣ дар суд захира карда, дар бинои навбатдоории даромадгоҳи суд ҳароратсанҷӣ навъи “Деко” гузошта шудааст.
Дар даромадгоҳи асосии суд латтаи бо маҳлули хлордор таркардашуда партофта шуда, он мунтазам иваз карда мешавад. Дар даромадгоҳи асосӣ дар ду адад зарфҳои калони обдор ва мунтазам ду адад собуни моеъ гузошта шуда, шаҳрвандон пеш аз ба бинои суд даромадан ҳатман бо истифода аз собунҳои моеъ дастонашонро шуста, бо маҳлули спиртидори махсус безарар гардонида, ба суд ворид мегарданд.
Дар баробари ин, дар даромадгоҳи асосӣ аз ҷониби милитсияи навбатдор ва корманди навбатдор бо ҳароратсанҷи зикргардида ҳарорати муроҷиаткунандагон санҷида, онҳо танҳо ҳангоми доштани ниқоб (маска) барои даромадан ба суд иҷозат дода мешаванд.
Гузашта аз ин, миёни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба риояи дурусти қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагӣ, инчунин роҳу усулҳои ҳомояи фардӣ аз сирояти коронавирус, аз ҷумла манфиати истифодаи гиёҳу меваҳои табиӣ ва маводи ғизоии маҳаллӣ, алалхусус дуди ҳазориспанд, истеъмоли сир, пиёз, занҷабил ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамаҷониба ба роҳ мондашуда, дар ин замина саҳар ва бегоҳии ҳар рӯзи корӣ дар бинои суд аз дуди ҳазориспанд бурда мешавад, ки тибқи анъанаи ниёгон аз манфиатҳо холӣ нестанд.
Зимнан ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо фаҳмонида шуд, ки ҳангоми муошират дар ҷойҳои корӣ ва оила аз саломи дастӣ ва оғушгирӣ худдорӣ намуда, аз ҳар гуна таҳлукаю воҳима ва иғогариҳое, ки дар байни мардум ҷой доранд, пешгирӣ намуда, ҷораҳои зарурӣ андешанд.
Илова ба ин, ба судяҳо супориш дода шуд, ки аз гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ муваққатан то ором шудани вазъияти ҷойдошта худдорӣ намоянд ва дар ин бобат маҷлисҳои идоравӣ ва ҷамъомадҳо баргузор намегарданд. Дар ин замина таъкид гардид, ки дар толори маҷлисгоҳи бинои суд мурофиаҳои судӣ бо иштироки маҳдуди шаҳрвандон, аз ҷумла хешу таборони наздик, бо пӯшидани ниқоб ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, бе асос ба бинои суд ворид гардидани шаҳрвандон қатъиян манъ карда шудааст.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки маваққатан аз баргузор намудани тӯю маъракаҳо худдорӣ намуда, минбаъд ба зиёдравӣ роҳ надода, дар ҳолати зарурият чорабиниҳои оилавиро бо риояи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро гузаронанд.