Пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)

Санаи 27 феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси суд Сангинзода Ғайрат ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) вохурӣ баргузор гардида, аз ҷониби раиси суд Сангинзода Ғайрат ба саҳми иштирокчиён бо татбиқи эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 1-3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии озод намудани онҳо фаҳмонида шуд.