Оила: Навои ишқ ва ҳикмати аҷдод
Оила макони муқаддасест, ки муоширати иҷтимоӣ аз он сарчашма гирифта, дар заминаи он одобу ахлоқ низ инкишоф меёбад. Маҳз дар оила иззату эҳтиром ба калонсолон, шафқату меҳрубонӣ ба хурдсолон, самимию дилсӯз будан бо ҳамсолонро меомӯзанд.
Тамоми бурду бохт, суду зиён, муҳаббату хиёнат, барору нобаробарӣ дар зиндагии рӯзмарраи одамон ба солимии оила вобастагӣ дорад. Пайванди оила бо арзишҳои оилавӣ алоқамандии зич дорад. Агар оила барҳам хӯрад ё муносибати дурушту дащалона миёни зану шавҳар ба миён ояд, арзишҳои оилавӣ низ аҳамияти худро гум мекунанд.
Ҳакими бузург чӣ хуб фармудааст: «Зиндагӣ чун рӯди равон аст, ки маҷрои худро дорад. Оила киштии умед аст, ки дар рӯд гоҳе боло меравад ва гоҳе паст мефарояд. Агар киштӣ самти худро дошта бошад, ба соҳили мурод мерасад, вагарна дар гирдоби саргардонӣ щайр мешавад.» Ин пандомӯз баёнгари он аст, ки устувории оила ва расидан ба ҳадафҳои нек аз саъю кӯшиши ҳар як узви он вобаста аст. Ҳар фард дар оила метавонад чароғи хуррамӣ ва посбони хушбахтӣ бошад.
Оила ҳамчун ниҳоди хурди давлат, ба давлати мустақил заминаи боэътимод мегузорад. «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.»
Тибқи мушоҳидаҳо дар раванди фаъолияти судӣ ва баррасии парвандаҳо маълум мегардад, ки сабабҳои бекоршавии никоҳ аксаран паст будани сатҳи дониши тарафҳо нисбат ба арзиши оиладорӣ, эҳтиром накардани волидайни ҳамсар, имкониятҳои маҳдуд барои таъмини оила, инчунин бо ҷои кор дохилӣ қонеъ нагашта, муҳоҷиратро ихтиёр кардани ҷавонон, воқиф набудани ҷавонон аз маърифати оиладорӣ ва омилҳои ба ин монанд мебошанд.
Инчунин дахолати бемавриди баъзе аз падару модар ба ҳаёти навхонадорон низ боиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон гардида истодааст.
Ба воя расонидани фарзанд кори саҳлу содда нест, аммо хушбахтии онро дар як лаҳза барҳам додан чунон соддаву сабук шудааст, ки гуё ба осонӣ фарзанд калон карда бошанд ва сӯхтани ҳаёти осоишта ягон қиммате надошта бошад.
Омили дигар истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ аст, ки дар дили зану шавҳари ҷавон тухми нобовариро мекорад.
Ҳамчунин, муҳоҷират низ яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон аст. Қисме аз ҷавонон ба муҳоҷират рафта, дар он ҷо хонадор мешаванд ё ҳамсари тоҷикистонии худро тавассути телефон талоқ медиҳанд ва ё ӯро умре дар хидмати хонадони волидонашон нигоҳ медоранд, ки ин боиси нобаробарӣ ва беадолатӣ мегардад.
Дар навбати худ бархе аз ҷавонон низ гӯши насиҳатшунав надоранд ва панди пиронро малол меоранд ва онро дахолат ба ҳаёти мустақилонаи худ меҳисобанд. Аммо одоби шарқӣ ва фарҳанги волои оиладории мо таъкид менамояд, ки дар оиладорӣ зану шавҳар бояд сабру таҳаммулро пеша намоянд.
Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун асоси ҷамъият таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ҳамасола ҷиҳати боло бурдани мавқеи он дар ҷомеа, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Бовуҷуди тадбирҳои андешидашуда таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи вайроншавии оилаҳо сол то сол зиёд гардида, ҳамчун масъалаи ташвишовари ҷомеа боқӣ мондааст.
Вайроншавии оилаҳо ба таълиму тарбияи фарзандон ва таъмини шароити арзандаи зиндагии онҳо таъсири манфӣ расонида, барои ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои номатлуб замина мегузорад.
Тибқи супоришҳо ба судяҳо тавсия дода шудааст, ки барои таъмини пойдорию устувории оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон ва мустаҳкамии оила чораҳо андешанд.
Ҳақ гуфтаанд, ки «Меваи сабр ширин аст. Ҷавононро зарур аст, ки дар баробари мушкилоту сангиниҳои рӯзгор сабру бардоштро шиори худ қарор диҳанд. Барои ин сатҳи дониш ва маърифтаи онҳоро бояд баланд бардошт. Зеро эҳтиром ва якдигарфаҳмӣ миёни ҳамсарон пояҳои оиладориро устувор ва баракатро дар хонадон афзун мегардонанд.
Сангинзода Ғайрат-раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 