Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 14 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Раиси суд Сангинзода Ғайрат дар хусуси ин санаи таърихӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва таҳкими давлатдории милливу эъмори давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас судя Муҳаммадӣ Г.И., кормандони дастгоҳи суд Бурҳониён А.О. ва Изаттов Ҷ.И. дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.