Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи кормандони Мақомоти судӣ

Имрӯз 25 октябри соли 2023 дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид. Роҳбарияти суд вобаста ба тасисёбии Ҳокимияти судӣ сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуданд. Сипас судяи суди ноҳия Мирзо Носир ҳамаи кормандони судро бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрик намуд.

Бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ якқатор кормандони дастгоҳи суд барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар самти таҳияи ҳисоботҳои оморӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ, таъмини иҷрои саривақтии супоришҳо, сифатнок ба роҳ мондани фаъолият дар татбиқи адолати судӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.