Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 03 ноябри соли 2023 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ ба ин ҷашни миллӣ бо ворид намудани Парҷами давлатӣ ва озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд.

Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, ки ба низоми нави давлатдорӣ оғоз бахшида, муносибатҳои ҷадиди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар кишварамон поягузорӣ кардааст сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас судя Холиқзода Муҳаммадсафар Лоиқ ва корманди дастгоҳи суд Амирзода Али Амирҷон дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар пешрафти давлатдории миллӣ баромад намуданд.

Бахишда ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор кормандони дастгоҳи суд барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар самти таҳияи ҳисоботҳои оморӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ, таъмини иҷрои саривақтии супоришҳо, сифатнок ба роҳ мондани фаъолият дар татбиқи адолати судӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.