Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Санаи 22 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат, судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мартабшозода Фаридун ва Муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Тӯхтасунзода Дилором бо иштироки сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва табибони ин беморхона, вохури гузаронида, оид ба Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, пешгири аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта ва истифодаи дурусти самаранокии нерӯи барқ маъруза намуданд.
Қайд карда шуд, ки нерӯи барқ яке аз неъматҳои муҳим ва асосии ҳаёти муосир ба ҳисоб меравад. Рушди иқтисод, фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва сатҳи зиндагии мардум бевосита ба истифода оқилона ва самаранокии нерӯи барқ вобаста мебошад.
Имрӯз, масъалаи сафаркарона истифода бурдани нерӯи барқ аҳамияти махсус касб кардааст. Истифодаи ғайримақсаднок, талафоти барқ ва беэътиноӣ ба қоидаҳои сарфакорӣ на танҳо ба иқтисоди оила, балки ба низоми энергетикии кишвар низ зарар мерасонад.
Бо ҳамин, дар охири ҷамъомад ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушахас гардонда шуда, қайд гардид, ки сарфакории нерӯи барқ ин нишонаи маданият, масъулият ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 