Конститутсия-санади тақдирсози миллат

Конститутсия аз ҷиҳати луғавӣ аз калимаи лотинии (constituio) гирифта шуда, маънояш “муқарраркунӣ” –“сохт” мебошад. Мафҳуми конститутсия дар вақти ба амал омадани инқилоби буржуазӣ ба миён омадааст. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ва сиёси-ҳуқуқӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Дар баробари пош хурдани ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мастақил табдил ёфт. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурра ва воқеъии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонд, ин қабули конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Эълон шудани Истиқлолият Тоҷикистон боиси ба миён омадани, коркарди лоиҳаи нави Конститутсияи гардид, ҷараёни тайёр ва қабул кардани Конститутсия як чанд марҳилаҳоро дарбар мегирад, аммо бетартибиҳои сиёсии моҳи августи соли 1991 ва пош хӯрдани ИҶШС сабаби ба таъхир андохтан ва қабул намудани лоиҳаи аввалини Конститутсия гардид, ки он то санаи 26 июни соли 1993 довом кард.

Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имконият надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад.

Дар чунин вазъияти ҳасосу сангин қабул намудани Конститутсияи мукаммал, хело муракаб ва душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муясар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи худро қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рузи таърихӣ ҳамасола дар Тоҷикистон бо тантан ҷашн гирифта мешавад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим ва дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар он соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдори Тоҷикистон, ҳадафҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар, асоси иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии, умумихалқӣ қабул карда шуда, он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Дар муҳлати 29 сол ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо, ки санаҳои  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ворид карда шудаас.

Бевосита яке аз бобҳои он ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар ин замина Конститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши устурвор дошта бошад.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки аз ҷониби коршиносон ва сиёсатмаддорони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи имрузаамалкунандаи моро, яке аз даҳгонаи беҳтарин конститутсиҳои ҷаҳан эътироф кардаанд, ки боиси ифтихори халқу миллати тоҷик мебошад.

Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Б.Ғафуров

Довудов Хушбахт Султонович