Чорабинии тантанавӣ ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Санаи 26 октябри соли 2023 дар Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрик гуфта, қайд намуд, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.

Дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқи қабул карда шудааст. Бо дастгирии Асосгузори суҳлу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомоти судӣ барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ғайр аз ин, давоми солҳои соҳибистиқололӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар охир ба як қатор кормандони пешқадам Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, барномаи консертӣ пешниҳод гардид.