Маркази матбуот Эълонҳо (Page 2)

Эълонҳо

Имрӯз 03 ноябри соли 2023 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ ба ин ҷашни миллӣ бо ворид намудани Парҷами давлатӣ ва озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд. Қабл аз […]
Санаи 26 октябри соли 2023 дар Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрик гуфта, қайд намуд, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти
Имрӯз 25 октябри соли 2023 дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид. Роҳбарияти суд вобаста ба тасисёбии Ҳокимияти судӣ сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуданд. Сипас судяи суди ноҳия Мирзо Носир ҳамаи
Истиқлолият – ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, расми саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09 сентябри соли 2023, 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик ин солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷашн хоҳад гирифт. Истиқлолият пурарзиштарин дастоварди
Санаи 02 сентябри соли 2023 аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати истиқболи ҷашни 32 солагии Истиќлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ ташкил карда шуда, дар саҳни ҳавлии суд гулу бутаҳои тоза шинонида шуда, атрофи бино тозаю озода карда шуд.  
Санаи 13 июли соли 2023 соати 14:00 дақиқа дар толори суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муовини якуми Раиси суд Ғайбулозода Ф.М., Муовини раиси суд Шамсзода С.А. ва Ёрдамии Раиси суд Мазбудзода М., бо иштироки машваратчиёни халқии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомад баргузор гардид. Мақсади гузаронидани ҷамъомад аз фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ, вазифаҳои асосии
Руйхати баррасии парвандаҳо
Руйхати баррасии парвандаҳо
Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш накарда, Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки […]