Баргузории вохӯрию баромадҳо

Санаи 22 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат, ва судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мартабшозода Фаридун бо иштироки роҳбари ШКАТС-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сартабибони ин марказҳои саломатии деҳотҳо ва инчунин ҳайати кормандони ШКАТС-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вохури гузаронида, оид ба Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, пешгири аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта ва истифодаи дурусти самаранокии нерӯи барқ маъруза намуданд.

Қайд карда шуд, ки сарфакории нерӯи барқ маънои маҳдудсозӣ ё танқисиро надорад, балки истифодаи дуруст, самаранок ва боандешонаи он мебошад. Аз ин лиҳоз, хомӯш кардани дастгоҳҳои барқӣ ҳангоми истифода набурдан, истифодаи лампаҳои каммасраф, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии пайвастшавии ғайриқонун намудани оддии сарфакорӣ мебошад, ки ҳар як нафар метавонад онро амалӣ созад.

Бо назардошти шароити мавсимӣ, бахусус дар фасли зимистон, зарур аст, ки ба масрафи нерӯи барқ бо эҳтиёт муносибат карда шавад, зеро ҳар яки киловатт-соати барқ меҳнати заҳматкашидаи мутахассисон ва захираҳои гаронбаҳои давлат мебошад.

Бо ҳамин, дар охири ҷамъомад ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушахас гардонда шуда, қайд гардид, ки истифодаи оқилонаи нерӯи барк на танҳо сарфаи маблағ, балки саҳми ҳар яки мо дар таъмини устувории энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушти устувори ҷомеа мебошад.