Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак.
Боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки имрӯзҳо тамоми сокинони кишвари маҳбубамон ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро дар шароити сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, бо самимияти хоса ва хушҳолии беандоза истиқбол мегиранд.
Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хурсандписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем.
Дустон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тазаҷавонӣ бинам,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!