Конститутсия мояи ифтихор ва сарбаландӣ.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳар қадар солҳо моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияту муҳимияти таърихии он дар эҳёи давлатдории миллӣ ва пойдории ҳокимияти конститутсионӣ воло мегардад.

Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дарбар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои сохтори қонститутсионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намудаанд.

Дар Конститутсия инчунин институтҳо ва масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, салоҳият ва вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мустаҳкам гардида, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат ва дигар падидаҳои воло муқаррар гардидааст.

Дар шароити муосир дар заминаи меъёрҳои Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волояти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро ба ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ, мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зикр гардидааст. Дар заминаи Конститутсия ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ дар кишвар бо маром гузаронида шуда истодааст, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расида, ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ ба замони нав бо ҷилои тоза ва рушду такоммул ворид гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдори ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфтааст. Чуноне, ки таҷрибаи ҷаҳонии давлатдории таърих собит сохтааст, ҳеҷ як давлат бе ниҳоди судӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад ва аз ин рӯ дар ин ё он шакл низоми судии худро ҳамчун сохтори муҳим ва таркибии худ ба роҳ мемонад. Устувории давлат ба фаъолияти босубботу боадлонаи ҳокимияти судӣ-судҳои неруманду мустақил низ  вобастагии амиқу азалӣ дорад. Бинобарин дар баробари қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «қабули Конститусия дар ҳамон солҳо, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ амал мекарданд ва ҳар кадоме манфиатҳои худро пеша мекарданд, бо душворӣ ба даст омадааст».

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурраи Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонид ин қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Ҷараёни тайёр ва қабули он якчанд марҳилаҳоро аз сар гузаронидааст. 24.08.1990  Шӯрои Олии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро қабул намуд. Чанд маротиба кӯшиши омода кардани лоиҳаи Конститутсия карда шуд, вале ҷанги шаҳрвандӣ халал мерасонид ва мушкилоҳоро пеш меовард.  Ниҳоят санаи 26.06.1993 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси комиссияи конститутсионӣ интихоб гардиданд ва аввалин маҷлиси комиссия 4.09.1993  барпо гардид. Комиссия лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуда, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд ва лоиҳаи он дар матбуоти даврӣ чоп гардида, мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуд. 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияро муайян кард ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Дар дебочаи он омадааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Дар моддаи 5-и он омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд»

Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст ва мутобиқи моддаи 9 «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад»

Конститутсия муқаррар кардааст, ки «дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амлӣ мегардонад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ва баъдан 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016  тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро эълон кардааст.

Конститутсия муқаррар мекунад, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории давлатанд.

Конститутсия озоди шахсиятро дар мавриди аввал мегузорад. Дар қисми 1-и моддаи 19 сабт шудааст, ки «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад»

Мутобиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Эълон кардани ин ё он дин ба сифати дини давлатӣ, ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат дунявӣ будани давлатамонро нишон медиҳад.

Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани мартаба ва эътибори зан дар ҷомеа ин баробарҳуқуқии зан ва мард мебошад, ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 17 кафолат додааст.

Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дигар қонуну сандаҳои меъёри ҳуқуқии амалкунанда ба он мутобиқат доранд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайваста барои озодии инсон чораҳои муҳими давлатиро амалӣ мегардонад, ки он маънои амалишавии меъёрҳои конститутсиониро дорад.

Бо истифода аз ин фурсат, ба ифтихори фарорасии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарафманди диёрро табрику муборакбод менамоям.

Бигзор дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот поянда ва сарҷамъиву муттаҳидӣ ҷовидона бошад ва Конститутсия баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарафманди мо бахтовару саодатёр бимонад.

Бо  эҳтиром,

Раиси суд           Сангинзода Ғайрат.