Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 30 октябри соли 2025 дар бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба истиқболи фарорасии ҷашни 31-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор карда шуд.

Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, ки ба низоми нави давлатдорӣ оғоз бахшида, муносибатҳои ҷадиди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар кишварамон поягузорӣ кардааст сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас, корманди дастгоҳи суд Бурҳониён Абдумуталиб Одилҷон дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯи бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар пешрафти давлатдории миллӣ баромад намуданд.