Машғулияти семинарӣ ва илмию назариявӣ.

Санаи 08 июли соли 2025 дар толори суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирзо Носир ва кормандони дастгоҳи суд машғулияти семинарӣ ва илмию назариявӣ вобаста ба мавзуи тартиби таҳия ва ба расмият даровардани протоколҳо ва тартиби таҳия ва ба расмият даровардани мактубҳои хизматӣ, барқияҳо ва барқияи телефонӣ баргузор гардид.