Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдиди миллӣ
Аз ҷумла, рӯзи 26 июни соли 2025 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдиди миллӣ баргузор карда шуд.
Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас кормандони дастгоҳи суд Бурҳонов Абдумуталиб Одилович ва Иззатов Ҷӯрабек Иззатович дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф баромад намуданд.