Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Санаи 16 апрели соли 2025 раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат дар толорҳои маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умуммии №5 Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорони ин муассиса вохӯрӣ гузаронида, доир ба мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта баромад намуданд.