Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 30 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мактаби Хонандагони Болаёқати Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муовини Раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шамсзода Собирҷон Амирхон, Судяҳои Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зиёзода Маҳмадулло Ҳасан, Мирзо Носир ва Маҳмадхонзода Зафар Маҳмадхон бо иштироки омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони Ҷамоати деҳоти Хистеварз вохури гузаронида, оид ба Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд. Дар охири ҷамъомад ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушахас доданд.