Парчамат поянда бодо Тоҷикистони азиз.
Имрўз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рўзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номуси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».
Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ тассавур кардан ғайриимкон аст. Парчам ҳанўз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус мебошад. Аҷдодону гузаштагони мо ҳанўз аз замонҳои Каёниён соҳиби диравше буданд, ки мавҷудияти соҳибдавлатию озодии онҳоро ифода мекард. Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи Ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маъруф аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне рамзи таҷассусгари гузаштаи пурҳикмат ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқ мебошад, дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ аз ҷониби вакилони халќ 24 — ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва рў овардан ба ин арзишҳо 19 — ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24 — ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора қабул шуд. Рангҳои парчами миллӣ дар худ маънеҳоеро таҷассум менамояд, ки ба миллати мо қаринанд: -Ранги сурх — озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед — сулҳ ва оромӣ, ранги сабз — ободӣ ва ривоҷу равнақро баён менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар руйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва фарҳангофар мебошад.
Нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар ќисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Кониститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Боиси хушнудист, ки имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоќи биноҳои бонуфузтарини созмонҳои байналмилалию умумӣ ҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад парафшонӣ мекунад ва ин ифтихори тамоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз мебошад.
Вазифаи мо насли имрўзаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад. Имрўз мо бояд, аз Парчами миллии худ ифтихор дошата бошем, эҳтироми онро чун сарвати гаронбаҳои умумӣ миллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ба ҷавонон бирасонем.
Кулли мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рўзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.
Судяи Суди ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Бекзода С.Ҷ.