Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 06 сентябри соли 2024 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ ба ин ҷашни миллӣ бо озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд.
Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, моҳияти истиқлолияту озодӣ, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва таҳкими давлатдории милливу эъмори давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд.
Сипас кормандони дастгоҳи суд Шарифова Мавлуда Худоёровна ва Қамаров Қамараддин Зикруллоевич дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба аҳмияту моҳияти истиқлолияти давлатӣ, нақши он дар пешрафти давлатдории миллӣ баромад намуданд.