Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 24 ноябри соли 2021 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин санаи муҳим табрику таҳният намуд.
Сипас судя Мирзо Носир, кормандони дастгоҳи суд Шарифова М.Х., Солиҷонзода М., Бурҳонов А., Кабирзода У.К. ва Довудов Х. дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯҳои мухталиф бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.