Шанбегӣ дар суд
Имрӯз санаи 04 сентябри соли 2021 дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Иҷрокунандаи вазифаи Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ гузаронида шуда, атрофи биноҳо, роҳравҳо ва дохили утоқҳои корӣ тоза карда шуд.
Ҷиҳати дар саҳти баланд истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гирду атрофи биноҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шиору овезаҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайёр карда шуда, дар даромадгоҳи саҳни бинои суд овехта шудаанд.