Ҳисобот “Оид ба фаъолияти суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи якуми соли 2021 дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020»

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсия ва  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2021 як қатор корҳоро ба иҷро расонидааст.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботии нимсолаи аввали соли 2021 ба суди но 265 (нимсолаи якуми соли 2020 — 175) адад  парвандаи ҷиноятӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 парванда зиёд мебошад. Аз ин миқдор 231 (158) адад парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст, ки дар қиёс бо давраи муқоисашаванда 73 адад зиёд мебошад.

Аз ин шумораи парвандаҳо, 231 адад (158) парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 260 (151) шахс бо баровардани ҳукм баррасӣ шудааст.

Аз миќдори умумии парвандаҳои бо баровардани ҳукм баррасишуда, нисбати 88 (55) шахс ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбати 11 (6) нафар корҳои ислоҳӣ, нисбати 142 (67) нафар ҷарима, нисбати 13 (11) шахс бо шартан татбиќ накардани ҷазои мањрум кардан аз озодӣ ва нисбати 6 (9) шахс корҳои ҳатмӣ таъин гардидааст. Дар баробари ин 17 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 17  шахс бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1468 ва бо татбиқи моддаҳои 72, 73,74 ва 89-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.

Дар ин давра, парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 21 (8) адад нисбати 28 (11) шахс,  характери коррупсионидошта 8 (1) адад нисбати 9 (1) шахс ва аъзои ҳизбҳои ғайриқонунии характери экстремистидошта 5 (2) адад нисбати 7 (3) шахс баррасӣ гардидааст.

Дар ин давра, бо ҳукми суд 1 (1) нафар ноболиғон ва 22 (12) нафар занҳо маҳкум шудаанд.

Ҳамзамон, 34 адад парванда то давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки аз онҳо 7 адад парвандаҳо бинобар сабаби кофтукови судшавандаҳо дар пешбурди  суд боздошта шуда, 27 адади дигар мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз тарафи судҳои болоӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 4 адад санадҳои судии марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ бекор карда шудаанд.

Инчунин, аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо вайрон кардани муҳлат баррасӣ карда шудааст.

Дар ин давра аз рўи парвандаҳои ҷиноятии баррасигардида 125 (125) адад таъинотҳои хусусӣ қабул ва 49 (49) парвандаҳои ҷиноятӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 345 (240) адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 парванда зиёд мебошад.

Аз ин миқдор парвандаҳои гражданӣ, 277 (193) адад парванда баррасӣ шудааст, ки дар қиёс бо давраи муқоисашаванда 84 адад зиёд мебошад. Ҳамзамон, 68 (47) адад парванда то давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аз ин миќдор, 130 (115) адад парвандањо бо баровардани ҳалнома ва 81 (37) адад фармон баррасӣ гардидааст.

Инчунин, баррасии 10 (11)  адад парвандаҳо қатъ ва 54 (28)  адад парвандаҳо бе баррасӣ мононда шудааст.

Зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24 (23) адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, 37 (36) парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронида шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби суди марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии суди вилояти Суғд – 3 адад санадҳои судии марбут ба парвандаҳои гражданӣ бекор карда шудааст.

Инчунин, аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 адад парвандаҳои гражданӣ бо вайрон кардани мўҳлат баррасӣ карда шудааст.

Натиҷаи парвандаҳои гражданӣ чунин мебошад.

Р/т Парвандаи гражданӣ Соли 2021 Соли2020
1. Ҳамагӣ ворид 345 240
2. Баррасӣ 277 193
3. Бо баровардани ҳалнома

Бо баровардани фармон

211 152
Аз он ќонеъ 200 146
Аз он рад 11 6
4. Бо ќатъ намудани парванда 10 11
5. Бе баррасӣ мононда шуд 54 28
6. Аз рўи тобеъият ирсол шуд         2         2
7. Дар давраи ҳисобот боќӣ 68 47

Дар ин давра ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 981 (699) адад парвандаҳои оилавӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 282 парванда зиёд мебошад.

Ҳамзамон, 737 (577) адад парвандаҳои оилавиро мавриди баррасӣ ќарор дода, аз ин миќдор 609 (483) адад парвандаҳо бо баровардани ҳалнома ва бо баровардани фармон баррасӣ гардидааст.

Инчунин, 54 (41) адад парвандаҳо ќатъ ва 68 (48) адад парвандаҳо бе баррасӣ мононда шудааст.

Зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ аз ҷониби судяҳо 113 (92) адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, 99 (62) парвандаҳо дар мурофиаи сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби марҳилаи кассатсионии суди вилояти Суғд санади судии марбут ба парвандаҳои оилавӣ бекор карда нашудааст.

Инчунин, аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 адад парвандаҳои оилавӣ бо вайрон кардани муҳлат баррасӣ карда шудааст.

Натиҷаи парвандаҳои оилавӣ чунин мебошад.

Р/т Парвандаҳои оилавӣ Соли 2021 Соли 2020
1. Ҳамагӣ ворид 981 699
2. Баррасӣ 737 577
3. Бо баровардани ҳалнома 609 483
Аз он ќонеъ 533 434
Аз он рад 76 49
4. Бо ќатъ намудани парванда 54 41
5. Бе баррасӣ мононда шуд 68 48
6. Аз рўи тобеъият ирсол шуд 6 5
7. Дар давраи ҳисобот боќӣ 244 122

Ба ѓайр аз ин, дар суд 835 (782) парвандаҳои ҳуќуќвайронкунии маъмурӣ (назар ба солонаи соли гузашта 53 адад зиёд) мавриди баррасӣ ќарор гирифта, нисбат ба 71 (58) ашхос ҷазои ҳабси маъмурӣ, нисбат ба 577 (548) нафар ҷарима ба маблаѓи 804112 (587293)  сомонӣ, нисбат ба 139 (158) шахс ҷазои мусодираи молу мулк, нисбати 142 (53) нафар ҷазои маҳрум кардан аз ҳуќуќи махсус, аз ҷумла 3 (6) адад ҳамчун ҷазои асосӣ, нисбат ба 139 (67) шахс огоҳӣ татбиқ карда шудааст. Баррасии 8 (2) адад парвандаҳо қатъ карда шуда, 88 (94) адад парвандаҳо барои барасмиятдарории нав баргардонида шуда, аз рўйи тобеият ирсол намудан 4 (1) адад ирсол карда шудааст.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба суд нисбат ба 6 (5) ашхос парвандаҳои ҳуќуќвайронкуниҳои маъмурӣ ворид гардида, дар маҷмўъ нисбати онҳо ба маблағи 35600 (29000) сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судяҳо ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунҳои амалкунанда ва барои бартараф кардани сабаб ва шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда 117 (116) адад таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳо бароварда шуда, 93 (92) парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шудаанд.

Аз ҷониби судҳои марҳилаҳои болоӣ 1 адад санадҳои судии марбут ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор карда шудааст.

Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 286 (143) адад  пешниҳодҳои маќомоти иҷрои ҷазо ва хадамоти иҷро бобати иваз кардани муҳлати адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, бекор кардани маҳкумкунии шартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар суди ноҳия 112 (46) дархостҳои маќомоти тафтишоти пешакӣ оид ба татбиќи чораҳои пешгирӣ ва маҷбуркунии мурофиавӣ баррасӣ гардидааст, ки пурра ќонеъ карда шудааст. Аз ҷумла, аз рўи дархостҳои ќонеъшуда судяҳо барои ба ҳабс гирифтани 112 (46) нафар, 6 (-) адад гўш ва сабт кардани гуфтугў иҷозат додаанд.

Аз тарафи суди болоӣ  ќарорҳои судӣ оид ба баррасии пешниҳодҳои маќомоти иҷрои ҷазо ва хадамоти иҷро, дархостҳои маќомоти тафтишоти пешакӣ бекор карда нашудааст.

Дар ин давра тибқи нақшаи тасдиқгардида барои таъмини таҷрибаи ягонаи баррасии парвандаҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта доир ба мавзўъҳои: “Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҳуќуќвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасӣ намудани парвандаҳои оилавӣ вобаста ба ҳолати муқаррар кардани падарӣ», «Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 209 ва 294 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Таҷрибаи амалияи судӣ оид ба баррасӣ намудани парвандаҳои гражданӣ вобаста ба эътирофи моликият ба манзили худсарона сохташуда» ҷамъбастиҳо гузаронида шудаст.

Ҳамзамон, дар асоси нақшаи корӣ кормандони суди ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳакимияти маҳаллӣ дар мавзӯъҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии аҳолии кишвар барои шомил шудан ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, мубориза бар зидди коррупсия, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ ва дигар мавзӯъҳои аҳамияти муҳимдошта бо аҳолӣ ва фаъолони ноҳия 158 (163) маротиба вохуриҳо гузаронида шуда, тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар рӯзномаҳо 17 (19) маротиба, садо 34 (40) маротиба ва  симо 18 (18) маротиба баромад кардаанд.

Дар ин давра, бо мақсади пешгирӣ намудани сабабу шароитҳои барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятҳо мусоидаткунанда ва бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун, ки зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ошкор шудаанд, инчунин барои баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ ва оилавӣ аз ҷониби судяҳо ба роҳбарияти сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаву муассисаҳо дар маҷмўъ 379 (356) адад таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳо ирсол шуда, 278 (239) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.

Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 142 (47) шахс ҷарима ба андозаи 4 126 544 (1 962 425, 5) татбиқ шудааст, ки аз он 533673 (148680) сомонӣ воқеан ба фоиди давлат ситонида шуда, 501422 (242500) сомонӣ иваз кардашуда, 66000 (52250) сомонӣ бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Авф» озод карда шуда, 1 518 995, 5 (2 066 670) сомонӣ мавриди иҷро қарор дорад.

Зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҳисоби маҳкумшудагон маблағи зарари модии  расонидашуда, ки ба андозаи 1 102 920 (208895,56) сомонӣ муайян гардидааст, пурра ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Аз рўи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи 2 801 247 (100%) (875744,54) сомонӣ далелҳои шайъӣ ва аз рўи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун далели шайъӣ молу маҳсулот ба маблағи 562892 (100%) (482560) сомонӣ, дар маҷмўъ молу маҳсулот ҳамчун далелҳои шайъӣ ба маблағи 3.364.139 (1.358.304,54) сомонӣ  ба фоидаи давлат мусодира карда шудааст.

Доир ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ боҷи давлатї ба андозаи 69224 (100%) (51994,78) сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои ҷарима дар маҷмӯъ ба андозаи 804112 (587293) сомонӣ таъин карда шуда, аз ин ҳисоб маблағҳои ҷарима ба андозаи 423776 (52,701%) (371717) сомонӣ  воқеан ба фоидаи давлат рӯёнида шуда, 380336 (47,299%) (215576) сомонӣ  мавриди иҷро қарор дорад.

Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2021 аз рўйи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 9.472.665 (4.168.913,38) сомонӣ маблағи ҷарима, зарар, мусодираи молу мулк ва боҷи давлатӣ рўёнида шудааст, ки аз он 5.499.458 (2.132.240,6) сомонӣ воқеан руёнидашуда, ҷазои ҷарима ба маблағи 567422 (294.750) сомонӣ ба дигар намуди ҷазо иваз ва авф карда шудааст. Дар маҷмўъ 6.066.880 (64,047%) (2.426.990,6) сомонӣ воқеан ба иҷро расида, 3.405.785 сомонӣ (35,953%) (1.741.922.78) мавриди иҷро қарор дорад.

Тибќи наќшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Паёми Сарвари давлат аз 20 апрели соли 2011 раиси суд ва судяҳо рўзҳои шанбе 541 нафар шаҳрвандонро қабул ва ба муроҷиатҳои онҳо посух додаанд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти суд Нақшаи кории суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои нимсолаи дуюми соли 2021 тасдиқ карда шудааст ва суд бобати иҷрои вазифаҳои гузошташуда талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияти худро дар нимсолаи дуюми соли 2021 баҳри ноил гардидан ба нишондодҳои назаррас равона менамояд.