Артиши миллӣ мактаби ҷавонмардист!
Бисту сеюми феврали соли 2021 аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳашт сол сипари мешавад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки дар суханронии худ бахшида ба ифтихори 15-солагии таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ- дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассосӣ таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ — аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфраструктураи низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе пойгоҳи аввалия ва одитарини моддиву техникӣ ташкил карда шуд. Тӯли қариб 30 соли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи моддӣ-техникии қушӯнҳои мусаллаҳ устувор гашт.Ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣ, сарҳади давлатӣ ва дар маҷмӯъ тамоми ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ, харидани техникаву лавозимоти ҳарбӣ ва дар ин замина боз ҳам устувор гаштани онҳо маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Аз ҷониби Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароитҳои муосири хизматӣ ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд, ки ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳри тараққиёти соҳаи мудофиаи кишвар ба ҳисоб меравад. Тамоми дастгириву пуштибонии давлат баҳри рушди босуботи соҳаи ҳарбӣ дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир ҷавонони ватандӯст ва баору номуси кишварро ба он далолат мекунад, ки бе ягон тарсу ҳарос ва таҳлука дар ҳимояи марзу буми ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо омода бошанд. Дар асоси тағиру иловаҳои воридгардида ба қонунҳои амалкунандаи соҳа вобаста ба ҷори намудани хизмати алтернативӣ минъбад низ яке аз заминаҳои мусоиди молиявӣ баҳри боз ҳам таҳким бахшидани хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир ба монанди терорризм, эктермизими динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва монанди инҳо аз тамоми хизматчиёни чузъу томҳои ҳарбии кишвар тақозо мекунад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри дифои марзу буми кишвари азизамон, ки номаш Тоҷикистон аст, доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.