Ваҳдати миллӣ — сарчашмаи сулҳу амонӣ

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш накарда, Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки бо имзо шудани ин санади таќдирсоз дар Тоҷикистон саҳифаи наву тозае дар таърихи давлатдориамон боз гардид. Ин санади сулҳофар ба ҳамаи нофаҳмиҳо, ҷангу низоъҳои дохилӣ хотима бахшид ва роҳнамо ба сўи ояндаи дурахшон гардид.

Мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарӣ ва роҳнамойии сарвари хирадпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имтиҳонҳои он давр гузашта, ба ҷаҳониён ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро нишон доданд.

Сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ неъматҳоеанд нодир ва шукронаи онро мекунем, дар кишвари мо сулҳу субот танинандоз мебошад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки рўзи 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдат, аз баракати ин неъматҳои нодир кишвари мо боз ҳам ободу зеботар гардид ва рушд ёфта, дар арсаи олам шинохта шуд. Биноҳои ободу зебо ва замонавӣ, муассисаҳои зиёди таълимӣ ва тандурустӣ, меҳмонхонаҳои ҷавобгў ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, роҳҳои нав бунёд карда шуданд.

Бо вуҷуди ин ҳама пешрафтҳо мо мебинем, баъзе фарзандони нохалафу беватан ин ҳамаро нодида гирифта, рў меоранд ба амалҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм. Ин нафарон ба номи Тоҷикистон, халќи азизи он иснод меоранд, ки ба он мо, аҳли ҷомеаи солим, ҳеҷ гоҳ муросо карда наметавонем. Кўшиш намоем, ҳар куҷо ки бошад, ҷавононро даъват ба ваҳдату созандагӣ, дўстиву ободкорӣ намоем ва баҳри шукуфоии Тоҷикистон ҳама неруи худро масраф созем. Чаро ки ваҳдат неъмати ноёб, пойдевору сутуни давлат мебошад. Аз ин хотир, ҳар яки мо бояд баҳри пойдории ваҳдат азму талош варзем. Бо амалҳои неку бунёдкорона дар паи ҳифзи тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат бошем.

 

Мазбудзода Муин

Ёрдамчии Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров