Ҳукми суд барои аз тарафи модар монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии фарзанди худ
27 марти соли 2025 дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муайян гардид, ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун модар бархилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дошта, таълими умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад, амал намуда, фарзанди ноболиғашро бо баҳонаи ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кардан, ӯро аз сафи таълимгирандагони мактаб гирифта, ба гирифтани таҳсилоташ монеа шудааст. Ҳол он ки ноболиғ мебоист дар мактаб таҳсил менамуд.
Дар маҷлиси суд ба ғайр аз ба гуноҳаш пурра иқрор будани судшаванда гуноҳи ў бо нишондоди шоҳидон ва дигар маводи дар қабати парванда мавҷудбуда исботи худро ёфт.
Бинобар ин, суд бо назардошти шахсияти судшаванда ва ҳама ҳолатҳои кор судшавандаро бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати дусад соат, яъне аз ҷониби маҳкумшуда на бештар аз чор соат дар як рўз берун аз вақти корҳои асосӣ ва ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, ки намудҳои онро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ муайян менамояд, таъин намуд.