Ташрифи Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Аз санаи 20 то 22 октябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида бо дастур ва супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров судяҳои Суди Олӣ бо роҳбарии Қамарзода Рошиддин, Саидзода Марзия Файзали, Комилзода Илҳом Сайдаҳмад, Назарзода Даврон Қуват ва муовини сардори раёсати ташкили кори судҳои Суди Олӣ Шарипов Маҳмадалӣ Нарзуллоевич ташриф оварданд. Ҳайати гурӯҳ ҷиҳати риояи меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ зимни баррасии парвандаҳо ва мавод, хусусан риояи мӯҳлати баррасии парвандаҳо, сифати таҳияи протоколҳо ва санадҳои судӣ, сари вақт омода намудан ва ба тарафҳо супоридани онҳо, таъмини иҷроиши санадҳои судӣ ёрии амалиро расонида, доир ба ҳар як камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дастуру супоришҳои алоҳида дода шуд.