Тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» қисмҳои 4-5
Санаи 29 сентябри соли 2020 дар толори суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тариқи дастаҷамъона бо иктироки Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисмҳои 4-5 тамошо карда шуд.
Пас аз тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии мазкур, ки воқеан симои аслии ифротӣ, иғвоангезӣ ва фошсозии ҷиноятҳои зидди давлатии роҳбарону фаъолони ТТ ҲНИ-ро ишфо намудааст, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кирдори онҳоро маҳкум намуданд.
Бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин иҷрои амру фармонҳои Президенти кишвар, қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо назардошти ба ҷамъият хавфнокии ҷинояткорӣ вобаста ба терроризм, экстремизм, ҳузбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва алалхусус аъмоли барои фарҳанги миллати тоҷик бегона, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бояд мунтазам мароми мубориза алайҳи чунин ҷинояткориҳо ва сиёсати дар ин самт пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро фаҳмонида, ҳамзамон ба воситаи барномаҳои телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ баромадҳо намуда, дар саҳифаҳои матбуот мақолаҳо ба чоп расонанд.