Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 8 феврали соли 2024 дар толори Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Мирзо Носир, Ҳомидзода Умедҷон Абдувоҳидӣ ва Муҳаммадӣ Гулруҳ Иззатулло бо иштироки раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов вохури гузаронида, оид ба Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд. Дар охири ҷамъомад ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушахас доданд.