Сарфакорӣ саодату оромӣ аст.

Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои меҳварӣ ва стратегии кишвар маҳсуб ёфта, баъди ба даст овардани истиқлолият ва канда шудани системаи ягонаи энергетикии собиқ давлатҳои шӯравӣ дар самти расидан ба ин мақсад корҳои бузургу назаррас анҷом дода шуданд.

Дурандешӣ ва хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият дар мақоми Роҳбари давлат новобаста аз ваъзи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии кишвар баҳри расидан ба ин мақсади ояндабинона камари ҳиммат баста, дар бунёди нерӯгоҳҳои бузург асос гузоштааст.

Дар ин марҳилаи таърихӣ нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва аз ҳама муҳимаш сохтмони иншооти азими аср-НБО “Роғун” вусъат гирифта, ду агрегати он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз дар он иншооти нангу номуси миллат даҳҳо ҳазор ҷавонону мутахассисони маҳаллӣ бо ифтихору сарбаландӣ кору фаъолият мекунанду аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баланд гирифтаанд.

Ҳамчунин тӯли наздик 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми қаламраи мамлакат даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди обӣ аз ҷониби соҳибкорону сокинон сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ҳама меваи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Дар баробари зиёд шудани манбаъҳову истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат талафоти он низ афзуда, боиси нигаронии давлату Ҳукумат гардид. Таҳлилҳои прокурорӣ ва дигар сохторҳои дахлдор нишон доданд, ки бинобар беэътиноии баъзе аз мутахассисони соҳа ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ истифодабарӣ ва ба чашми давлат хокпошиҳо ба назар мерасанд.

Аз ин лиҳоз, санаи 15 апрели соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки ҳадаф пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби нерӯи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.

Минбаъд шаҳрвандонро зарур аст, ки дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор бошанд ва қонунро риоя намоянд. Дар ҳолати риоя накардани қонун ҷарима ва ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муҳаммадӣ Гулрух Иззатуллозода