Рушду нумӯъ аз Конститутсия
“Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия қонунест, ки маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дошта, шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия гуфтаанд: «Муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем».
Аз рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд, ки баробари 31 соли қадамҳои устувор дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Конститутсия давлати моро ҳамқадами давлатҳои пешрафта гардонд. Бо Конститутсия мо тавонистем рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатиамонро таъмин намоем. Ба шарофати қабули Конститутсия пояи Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардид ва заминаи ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳо барои солҳои минбаъда фароҳам оварда шуд.
Дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Ҳамагон дар хотир дорем, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо дар асоси нақшаҳои тарҳрезигардидаи душманони дохилию хориҷии миллат ба ҷанги мусаллаҳонаи шаҳрвандӣ кашида шуд, бар асари ин ҷанг рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Имрӯз мо метавонем иброз намоем, ки бо баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи тоза кушода шуд.
Бо саъю кӯшиши Сарвари давлат дар Иҷлосияи ХVI аввалин Қарорҳо оид ба хомӯш намудани ҷанги мусаллаҳона байни тарафҳои даргир, сарҷамъ овардани гурӯҳҳои мусаллаҳ, авфи иштирокчиёни муноқишаҳо ва дигар санадҳои тақдирсоз қабул карда шуданд, ки татбиқи амалии онҳо барои таҳия ва қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдории муосири миллиамон имконият фароҳам оварданд.
Дар Иҷлосияи ХIХ Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (20 июли соли 1994) мавриди муҳокима қарор ёфт. Дар маърўза марҳилаҳои асосии таҳияи лоиҳаи Конститутсия зикр ёфтанд. Ҳайати корӣ аз аввали моҳи ноябри соли 1993 ба кор оғоз намуд ва бо истифода аз таҷрибаи бойи ҷаҳонӣ лоиҳаро таҳия намуд. Аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид. Дар тўли зиёда аз ду моҳи муҳокима беш аз 8,5 ҳазор пешниҳоди ҳамватанон ворид гардиданд. Аз ин лиҳоз Конститутсияро халқӣ меноманд, зеро дар таҳияи он худи халқ ширкат варзидааст.
Дар рафти баррасӣ Сарвари давлат доир ба дигар нуқтаҳои Конститутсия, аз ҷумла баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститсия аҳамияти бузурги таърихӣ доштанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид, барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян кард.
Мақсади мардуми кишвар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст. Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст.
Ҳар қадар, ки мо аз санаи қабули Конститутсияи кишварамон дур равем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хиради халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи роҳбари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ба бақои миллат ва давлат асос гузоштанд, аҳсант мегӯем. Бинобар ин, бояд ҳамаи мо шаҳрвандони ин кишвари ҳуқуқбунёд шукронаи ин даврону ин сарвар кунем ва онҳоро муқаддасу бегазанд дорем.
Ғайбуллозода Фирӯза, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 