Роҳҳои такмили низоми ба амалбароии пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ

                                                  Роҳҳои такмили низоми ба амалбароии

                                                           пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёна муҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.[2].

Тибқи Конститутсияи[1] Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории ҷорӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон кафолат дода шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Дар замони муосир ғояи муҳими барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд таъмини тадбиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо аз он ҷумла дар рафти пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ буда, мақсади ниҳоии он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар рафти пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳимояи онҳо аз айби беасос мебошад. Барои он, ки ин ғоя бо ҳадди ниҳоии таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайванд гардад, ӯҳдадориҳои давлатро дар назди шахс ва ӯҳдадориҳои шахсро дар назди давлат бо авзалиятнокии муқаррароти қонун муайян менамояд. Ҳамчунин, дар шумораи вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ бояд вазифаи татбиқи аниқи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аз таҷовузи ҷинояткорона ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва эҳтироми шаъну шарафи шахсӣ ва моликияти шаҳравандон таҷассум ёбад.

         Қайд кардан зарур аст, ки мурофиаи суди ҷиноятӣ, ҳамчунин барои иҷрои принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ низ вазифадор шудааст. Вазифаи мазкур, мақомоти татбиқкунандаи мурофиаи ҷиноятиро уҳдадор менамояд, ки ҳатман ҳар як иттилоотро дар бораи омодагӣ ба содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда қабул ва санҷида дар доираи ваколати худ доир ба маълум гардидани аломати таркиби ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, мувофиқи муқаррароти қонун ҳама чораҳои заруриро оид ба муайян кардани ҳодисаи ҷиноят ва шахси онро содиркарда, ба ҷавобгарӣ кашидани он ва таъини ҷазои ҷиноятӣ андешанд.

Маънои ин тартибот дар он аст, ки ягон ҷинояти содир шуда ошкоршуда бояд ба пуррагӣ ошкор гардида ба шахси онро содиркарда ҷазои сазовор татбиқ гардад. Боз як маънои дигараш он аст, ки ҳар ҷинояти содир шуда сари вақт ва ба пуррагӣ ошкор карда шавад, яъне ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва таъини ҷазо нисбати шахси ин кирдорро содир карда бо таври воқеӣ назик бошад[5, с.18].

Амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ нишон медиҳад, ки ба пуррагӣ ошкор кардани ҷиноят бо сари вақт ошкор кардани он дар алоқаи зич мебошад, яъне, ҷиноят дар он ҳолате бештар ба пуррагӣ ошкор мешавад, агар дар ҳолати  “гармогармӣ” ошкор ва шахси ин кирдорро содиркарда дарҳол баъд аз содир кардани ҷиноят дастгир гардад. Ба пуррагӣ ошкор шудани ҷиноят, маънои онро дорад, ки дар ҳар як ҳолат бояд ҳамаи лаҳзаҳои ҷиноят ва ҳар як амали ҷинояткорона, инчунин, ҳамаи шарикони ҷиноят маълум ва фош, сабаб ва шароти барои содир кардани ҷиноят мусоидаткунанда муайян гардад. Сари вақт ва пурра ошкор накардани ҷиноят ба шахсе, ки онро содир кардааст ва ё медонад, бовар мекунонад, ки ӯ бе ҷавобгарӣ мемонад, ин амал метавонад барои содир кардани ҷинояти нав мусоидат намояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ниҳоии мурофиаи ҷиноятӣ таъмин намудани адолат аст. Барои ҳамин ноил шудан ба ҳадафи номбурда бояд вазифаҳои муайянкардаи қонун иҷро карда шаванд. Вазифаҳои мурофиаи ҷиноятиро ба тариқи зайл номбар кардан мумкин аст (моддаи 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) [3]:

  • муқаррар карда шудани тартиби (ягона,умумӣ ва ҳатмӣ) пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ;
  • ҳимоя ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • ҳимояи манфиати ҷамъият,давлат ва ташкилотҳо,ки аз ҷиноят зарар дидаанд;
  • саривақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят;
  • ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноят содиркарда;
  • ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар суд;
  • риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ;
  • кафолати ҳимояи манфиати қонунии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шахсони дигар.

Тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз беасос айбдор ва маҳкум кардан, ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳкор донистан ё маҳкум кардани шахси бегуноҳ ӯро бетаъхир сафед менамояд. Иҷроиши вазифаҳои номбурдшуда дар ҳама марҳилаҳо бояд таъмин карда шаванд.

Бо мақсади таъмини иҷроиши вазифаҳои номбурдашуда қонун кафолатҳои мурофиавиро пешбинӣ мекунад. Кафолатҳои мурофиавӣ – ҷиноятӣ гуфта маҷмӯи имкониятҳои ҳуқуқӣ, роҳу воситаҳои пешбиникардаи қонунро меноманд, ки барои амалӣ ва иҷро шудани ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиа, вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ шароит фароҳам меоваранд. Яъне қонунгузор (Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз номи давлат (Ҷумҳурии Тоҷикистон), бо тартиби муқарраркардаи қонун ва иҷро шудани амалҳои мурофиавӣ, доираи муайяни ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва бо тартиби муқарраркардаи қонун, расмигардонии санадҳои мурофиавиро кафолат медиҳад, ки дар меъёрҳои қонун ифодаи худро ёфтаанд. Кафолатҳои мурофиавӣ аз маҷмӯи роҳу воситаҳои дар меъёрҳои қонун пешбинишуда иборат мебошанд, ки воқеан амалӣ гаштани ҳуқуқу имкониятҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро таъмин менамоянд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқи дархост, раддия, шикоят кардан аз болои амалҳои ғайриқонунии шахсони ваколатдор, ҳуқуқи шинос шудан бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иштирок кардан дар маҷлиси судӣ ва ғайраҳо[4, с.525].

Лозим ва ёдоварист, ки мурофиаи ҷиноятӣ  ин танҳо фаъолияти бо тартиби муайян ба танзимдаровардаи мақомоти давлатӣ ва шахсон буда, балки низоми амалҳои мурофиавии дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимшудае, ки як пешбурди мантиқан пайдарҳамеро доир ба парвандаи ҷиноятӣ, аз саршавӣ то ба анҷоми давраҳои пешбурди пай дар ҳам ивазшавандаеро ташкил менамояд, ки марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ ном доранд[6, с.245-265]. Яъне,  пешбурд дар доираи парвандаи ҷиноятӣ – ин амали бетанаффус, гузаштан аз як марҳила ба марҳилаи дигар мебошад. Дигар олими хориҷӣ мафҳуми мурофиаро чунин шаҳр медиҳад. Мафҳуми “мурофиа” – аз калимаи лотинӣ “procedure” бармеояд,ки мазмуни “ҷорӣ шудан”, “дар ҳаракат будан” ё “ҷараён”-ро дорад[7, с.11-15]. Қайд намудан лозим аст, ки фаъолияти мурофиаи ҷиноятӣ бо сабабҳои содир шудани ҷиноят оғоз гардида минбаъд мувофиқи пайдарҳамии дар қонун муайян гардида давом меёбад ва аз як қатор  марҳилаҳои мушаххас иборат мебошад. Марҳилаҳои (давраҳои) мурофиаи ҷиноятӣ қисматҳои ба ҳам алоқаманд ва дар як вақт мустақили мурофиаи ҷиноятӣ мебошанд, ки вобаста ба натиҷаи қарорҳои қабулшуда, вазифаҳои мушаххас, доираи иштирокчиён, шаклҳои фаъолияти мурофиавӣ ва хусусиятҳои муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд[8, с. 119].

Хусусиятҳои хоси марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ;

  • Вазифаҳои бевоситаи ҳар як марҳила аз вазифаҳои умумии мурофиаи ҷиноятӣ бармеоянд;
  • Дар ҳар як марҳила гурӯҳи муайяни субъектони мурофиаи ҷиноятӣ амал ва иштирок мекунанд;
  • Шакли (тартиби) мурофиавии амалҳо бо вазифаи бевоситаи ҳар як марҳила бо ҳам алоқамандӣ дошта, аз рӯи мазмун талаботҳои принсипҳои мурофиаи ҷиноятиро ифода менамоянд;
  • Муносибатҳои хоси иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки танҳо дар марҳилаи муайян мурофиаи ҷиноятӣ ба миён меоянд;
  • Қабул шудани санади мурофиавӣ, ки ивазшавиии як марҳиларо бар марҳилаи дигар таъмин менамояд;
  • Иваз шудани як марҳила бо марҳилаи навбатӣ боиси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ё қатъ гаштани муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки марҳилаи мурофиаи ҷиноятӣ зинаи мустақили пешбурди парвандаи ҷиноятӣ буда, аз маҷмӯи амалҳо ва қарорҳое, ки бо вазифаи умумӣ муттаҳид мегарданд ва бо хулосаҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ хотима меёбанд, иборат аст. Як марҳилаи мурофиаи ҷиноятӣ аз марҳилаи дигари он бо вазифаҳои бевосита, доираи махсуси иштирокчиён, татбиқи амалҳои мурофиавӣ, хусусиятҳои  шаклҳои мурофиа ва муносибатҳои мурофиавӣ фарқ мекунанд. Ҳар кадом марҳила бо қабул намудани қарори мурофиавӣ оғоз ва анҷом меёбад ва барои фаъолияти пурсамар дар марҳилаҳои минбаъда замина мегузорад.

Ҳамчунин, амали мурофиавии дигаре, ки дар рафти пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ анҷом дода мешавад ин дастгир кардан мебошад. Асосҳои дастгир кардан ва дар ҳабс нигоҳ доштанро қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Кодекси мурофиавии Русия бошад муҳлати дастгир карданро ба 48 соат расондааст. Гумон мекунем, ки муҳлати дар Кодекси мурофиавии Руссия пешбинишуда ба мақсад мувофиқтар буда, масъулияти масъулони мақомотро оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тариқи вақт дучанд менамояд. Мутаассифона, моддаи 92 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир кардани шахсро ба муҳлати 72 соат пешбинӣ намудааст, ки бо гузаштани ин муҳлат шахс бояд фавран озод карда шавад. Вале сархати 3 қисми 5 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд имконият медиҳад, ки ин муҳлатро дар сурати пешниҳоди дархости мақомот зиёд намояд. Ба ақидаи мо, ин тартиб начандон дуруст буда, манфиати расмии мақомотро васеъ карда, ҳуқуқҳои шаҳрвандро дар ин бахш маҳдуд мегардад. Ҳол он, ки барои муқаррар кардани ҳамроҳ будан ё набудани дастгиршуда дар содир кардани ҷиноят 48 соат кофист. Зеро ба ин васила меъёрҳои кафолатдиҳандаи Конститутсия бобати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин эътирофи арзишҳои олӣ, бахусус манфиати инсон таъмин мегардад.

                                                                                            Бурҳонов Абдумуталиб Одилҷонович котиби

                                                                                          маҷлиси судии суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров