Рӯзи 25 январи соли 2020 гуруҳи кории Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бурҳониён М. бо иштироки раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии «Бобоҷон Гафуров» №14 Косимӣ Х.Н. ва раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии «Ӯрунхоҷаев» №15 Муллоев Қ.Р. рафти ҷараёни корҳои омодагӣ ҷиҳати ташкил ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омузиш қарор дода шуд. Дар ноҳия 2 ҳавзаҳои якмандатии интихоботии вакилон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ч,умх,урии Точикистон ҷойгир шудаанд. Ҳавзаи якмандатии интихоботии «Бобоҷон Ғафуров» №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Роҳиоханчиён 3а, (бинои Раёсати молияи нохия) ҷойгир буда, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, Ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Зарзамин, Хистеварз, Ёва ва Овчиқалъачаро дарбар мегирад. Шумораи участкаҳои интихоботӣ 50 адад буда, аз разами 1 то 50 рақамгузорӣ карда шудааст. Шумораи умумии пешакии интихобкунандагон 113730 нафар. Ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Ӯрунхоҷаев» №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҷамоати деҳоти Унчӣ, кучаи Ленин 106, бинои Муассисаи давлатии «Қасри маданияти «Арбоб» ҷойгир буда, Ҷамоатҳои деҳоти Ғозиён, Унчӣ, Ҳ.Усмонов, Д.Холматов, Исмоил ва Чашмасор, шаҳри Бустонро (пурра) дарбар мегирад. Шумораи участкаҳои интихоботӣ 46 адад буда, аз рақами 1 то 46 мебошад. Шумораи умумии пешакии интихобкунандагон 98380 нафар. Таҳлилҳо ва раванди омузиши корҳо вобаста ба ташкил ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои махаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот нишон дод, ки дар участкаҳои интихоботӣ тақвиятбахшии корҳо перомуни омодагӣ ба ин маъракаи басо муҳими сиёсӣ ҷараён гирифта истода, он таҳти таваҷҷуҳ ва назорати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Корҳои омодагӣ барои гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумла, дар участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаҳои якмандатии интихоботии «Бобоҷон Ғафуров» №14 ва «Ӯрунхоҷаев» №15 дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аксари участкаҳои интихоботӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ҷойгир буда, барои ташкил ва баргузории маъракаи интихобот шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, аз чумла хуҷраҳои овоздиҳӣ барои шахсони имконияташон махдуд, пандусҳо, ҷой барои мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, хонаи модару кудак ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ташкил карда шуда, дорои қуттиҳои хурду калони овоздиҳӣ мебошанд. Ҳамаи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ бо утоқҳои корӣ алоҳида, лавозимотҳои зарурӣ, гӯшаи иттилоот, муҳри комиссияҳо, сейф, мизу курсӣ, компютер ва бо маводҳои конселярӣ таъмин гашта, фаъолияти бомароми онхо ба роҳ, монда шудааст. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузоронидани маъракаи сиёсӣ, интихобот оид ба интихоботи вакилони Маклиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маблағҳои зарурӣ дар буҷҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2020 пешбинӣ гардида, хароҷотҳои пешбинигардида саривақт маблағгузорӣ карда мешавад ва ягон муаммо дар ин самт вуҷуд надорад. Инчунин дар пештоқи биноҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳо номгӯ ва рақамҳои ҳавза, участкаи интихоботӣ насб карда шуда, бо нишонаҳо ишора карда шудаанд. Дар участкаҳои интихоботӣ баруйхатгирии интихобкунандагон ба охир расонида шудааст. Шумораи умумии пешакии интихобкунандагон 212110 нафар, аз он тоҷик 158008 нафар, ӯзбек 53416 нафар, рус ва дигар миллатҳо 686 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳо муҳоҷирони меҳнатӣ 11457 нафар, бори аввал овоздиҳандагон 6178 нафар мебошад. Дар худуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 24 адад матнҳои шиору хитобаҳое, ки аз Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниходшуда истифода бурда шуда, 50 адад шиорҳо ба андозаи 6 x 3 дар кӯчаҳои протоколӣ ва зиёда аз 120 адад шиорҳо бо андозаҳои гуногун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серахолӣ насб карда шуда, корбариҳо дар ин самт идома дорад. Хурсандибахш аст, ки аъзоёни участкаҳои интихоботӣ бо рухбаландӣ ва ташаббускорӣ кор карда истодаанд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби комиссияи интихоботии ноҳия дар 12 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот бо иштироки раис, муовини раис ва котибони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ семинарҳои омузишӣ мазмуни муҳтавои қонунҳои интихоботӣ дастурамалҳо, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, аз чумла таҳияи қорору протоколҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии мунтазам доир карда шуда, таҷҳизонидан ва ҳуҷҷатгузории ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ амалан нишон дода шудааст. Масъалаи тахлили вазъи омодагии хавза ва участкаҳои интихоботӣ доир ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дошта, омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудаанд.