Падару модар ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи кӯдак бояд масъулиятшинос бошанд

Дар асоси дастуру супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри дар байни аҳолии ноҳия фаҳмонидани қонунҳои миллӣ нақша-чорабиниҳо таҳия гардидаанд, ки мувофиқи он судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки баҳри иҷрои нақшаи мазкур ва фаҳмонидани нуқтаҳои асосии қонунҳои миллӣ дар ҷамоатҳо ва корхонаю муассисаҳо чунин вохуриҳоро бо аҳолии ноҳия баргузор намоянд.

Тибқи талаботи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Ба ҳамагон маълум аст ду қонуни миллӣ, ки бевосита бо ташаббуси мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Айни ҳол ман тасмим гирифтам, ки ба Шумо оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва вазифаҳои асосии қонуни мазкур сухан ронам. Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак санаи 20 июни соли 2024, таҳти №2049 қабул карда шудааст, ки он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

Дар боби 4 Қонуни мазкур Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи кӯдак пешбини карда шудаанд.

Моддаи 13. Баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар

Падару модаре, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак

Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд:

1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд;

2) муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд;

3) дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок ва мусоидат намоянд;

4) дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;

5) аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд;

6) ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд;

7) азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд;

8) ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;

9) ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд;

10) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд;

11) нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд;

12) аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;

13) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 15. Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак

Падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:

1) таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд;

2) барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд;

3) ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд;

4) кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд;

5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд;

6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд;

7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

8) ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд;

9) дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд;

10) талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд;

11) дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд;

12) ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд;

13) гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд;

14) таълими динии кӯдакро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;

15) уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Моддаи 16. Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак

Падару модар дар тарбияи кӯдак  уҳдадориҳои зеринро доранд:

1) ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

2) пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;

3) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд;

4) кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;

5) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;

6) оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд;

7) кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд;

8) дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд;

9) шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;

10) новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд;

11) дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд;

12) ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд;

13) гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

14) аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд;

15) бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд;

16) кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

17) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;

18) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд;

19) ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;

20) аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд;

21) ба кӯдак мутолаа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд;

22) иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;

23) ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд;

24) иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

25) ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;

26) ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд;

27) ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд;

28) кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;

29) ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд;

30) дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд;

31) истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд;

32) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Дар боби 5 Ҳуқуқу уҳдадориҳои Муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор пешбини карда шудаанд.

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак

Муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро дорад:

1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намояд;

2) ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдак ба падару модар ва мақомоти давлатии дахлдор бо пешниҳод муроҷиат кунад;

3) бо падару модар ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузорӣ шартнома бандад;

4) падару модарро ба ҷаласаҳо вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак даъват намояд;

5) иҷрои талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимиро аз ҷониби падару модар талаб намояд;

6) ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;

7) нисбат ба шахсони воқеӣ ва мансабдор ҳангоми монеа эҷод кардани онҳо ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;

8) ҳуқуқҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намояд.

Моддаи 19. Уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак

Муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зерин дорад:

1) ба кӯдак таълиму тарбияи дуруст диҳад;

2) омодагии кӯдакро ба таҳсилоти умумӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд;

3) талаботи таълимии кӯдакро бо дар назар гирифтани хоҳишу қобилият қонеъ гардонад;

4) барои таълими кӯдак шароит фароҳам оварда, воситаҳои зарурии таълимиро таъмин намояд;

5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ бидуни зарурати тиббӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намояд;

6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил шароит муҳайё намояд;

7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо падару модар ҳамкорӣ намояд;

8) бо тартиби муқарраршуда ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимиро ташкил ва баргузор намояд;

9) ба кормандони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кӯдак пардохти ҳама гуна маблағро иҷозат надиҳад;

10) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак тадбирҳо андешад;

11) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд;

12) оид ба рушди маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги ҳамзистӣ дар ҷомеа ва муоширатро ба ӯ омӯзонад;

13) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, роҳ надиҳад;

14) ба кӯдак барои ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан, истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон) дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳад ва дар сурати вайрон кардани ин талабот чораҳои дахлдор андешад, аз ҷумла ба мақомоти давлатии дахлдор хабар диҳад;

15) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намояд.

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор

Омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқу уҳдадориҳои зеринро дорад:

1) қоидаҳои одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намояд;

2) дар муассисаи таълимӣ либоси дахлдор пӯшад;

3) аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ аз таълимгирандагон худдорӣ намояд;

4) дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад;

5) ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром карда, ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳад;

6) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонад ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намояд;

7) азхудкунии барномаҳои таълимиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгиранда талаб намояд;

8) новобаста ба нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, ҳолати саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар, нисбат ба кӯдакон муносибати баробар дошта бошад;

9) бо падару модар дар масъалаҳои давомот, дониш ва интизоми кӯдак ҳамкорӣ намояд;

10) бо тартиби муқарраршуда дарсҳои кушода ташкил карда, падару модарони таълимгирандагонро ба онҳо ҷалб намояд;

11) нисбат ба таълимгирандагоне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва шакли зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ нест, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модарро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;

12) оид ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ карда, аз хондан дур мемонанд, падару модар ва роҳбарияти муассисаи таълимиро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;

13) аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳама гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзуи дарс берунанд, худдорӣ намояд;

14) барои инкишофи маҳорат, малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намояд;

15) барои дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои монанди онҳо иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намояд;

16) аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намояд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ карда, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешад;

17) иштироки таълимгирандагонро дар маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва маҳфилҳои дигар, ҳамчунин созмонҳои хонандагон таъмин карда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намояд;

18) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия кунад;

19) ҳуқуқу уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд

Қайд кардан ба маврид, ки аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму табияи кӯдак аз ҷониби падару модарон ва омӯзгорони муассисаҳо бисёр ба чашм мерасанд.

Тибқи омории расмии суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1467 (як ҳазору чорсаду шасту ҳафт) парванда баррасӣ карда шуда, аз онҳо 754 (ҳафтсаду панҷоҳу чор) занҳо мебошанд.

Аз ин парвандаҳои баррасӣ шуда нисбати 1436 (як ҳазору чорсаду сиву шаш) нафар падару модарон ва омӯзгорон ҷазои ҷарима дар маҷмӯъ ба миқдори 430846 (чорсаду си ҳазору ҳаштсаду чилу шаш) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Ҳамчунин дар давоми соли 2024 аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1098 (як ҳазору наваду шаш) парвандаи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати падару модарон ва омӯзгор дар мурофиаҳои сайёри судӣ дар муассисаҳо ва ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ намуда ва гузаронида шудаанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров падару модарон ва омӯзгорон дар тарбия ва таълими фарзандон аҳмият надода, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро вайрон намудаанд.

Барои чунин камбудиҳои аз ҷониби падару модарон ва омӯзгорон ба миён омада, судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давоми соли 2024 таъинотҳои хусусии маҷлиси судӣ ва пешниҳод ба миқдори 103 (яксаду се) адад қабул карда шуда ба ҷамоатҳо ва муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои маълумот ва иҷроиш равон карда шудаанд. Зеро, ки яке аз сабабҳои содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ин суст ба роҳ мондани корҳои назоратӣ дар раванди таълиму тарбия аз болои хонандагон аз ҷониби падару модар, омӯзгорон ва шахсони масъули муассисаҳо мебошад. Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти падару модарон, омӯзгорон ва шахсони масъули муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷой дошта, барои пурзӯр кардани корҳои таълиму тарбиявӣ ва назорат ба раванди таълиму тарбияи фарзандон падару модарон ва Директорони муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров диққати беандоза зоҳир намоянд.

Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар се моҳаи соли 2025 аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 47 (чилу ҳафт) адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ карда шудаанд, ки аз парвандаҳои баррасӣ шуда, 28 (бисту ҳашт) нафари онҳо занон мебошанд. Дар маҷмӯъ нисбати 47 (чилу ҳафт) нафар ҷазои ҷарима ба миқдори 35712 (сиву панҷ ҳазору ҳафтсаду дувоздаҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Вобаста ба камбудиҳои ҷой дошта аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 13 (сенздаҳ) адад таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳо қабул карда шуда ба муассисаҳои дахлдор ва ҷамоатҳо барои иҷроиш ирсол карда шудаанд.

Дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ноболиғон ва ҷавонон сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани  ҳаргуна падидаҳои номатлуб гардида, боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро мегардад.

Имрўзҳо мо дар таҷриба бо чунин намуд парвандаҳо вомехурем ва мебинем, ки чигуна ноболиғон ва ҷавонони кишвари моро барои даст задан ба ин зуҳуроти номатлуб ҷалб намуда истодаанд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, хусусан ноболиғон ва ҷавонон чораҳои зарурӣ андешида, дар пешгирии шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро нақши худро гузорем.

Инчунин ба падару модарон ва омӯзгорон  тавсия дода мешавад, ки барои таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ буда, ба онҳо донишҳои муосирро биомӯзонад, то ки дар оянда фарзандонашон номбардори падару модар ва Ватани хеш гарданд.

Аз ин рў ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо дода шудааст, моро зарур аст, ки дар амалишавии таълиму тарбияи фарзандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳми худро гузорем.

 

Котиби судии суди

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                                                                               Бурҳониён А.О.