Омодаги ба интихобод

Рӯзи 17 феврали соли 2020 гуруҳи кории Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раҳимзода З.А., судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ғайбуллозода Ф.М., Зиёзода М.Ҳ. ва Ёрдамчии Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мазбудзода М. рафти ҷараёни корҳои омодагӣ ҷиҳати ташкил ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омузиш қарор дода шуд.

Таҳлилҳо ва раванди омузиши корҳо вобаста ба ташкил ва баргузории интихобот нишон дод, ки дар участкаҳои интихоботӣ тақвиятбахшии корҳо перомуни омодагӣ ба ин маъракаи басо муҳими сиёсӣ ҷараён гирифта истода, он таҳти таваҷҷуҳ ва назорати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.

Аксари участкаҳои интихоботӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ ҷойгир буда, барои ташкил ва баргузории маъракаи интихобот шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамаи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ бо утоқҳои корӣ алоҳида, лавозимотҳои зарурӣ, гӯшаи иттилоот, муҳри комиссияҳо, сейф, мизу курсӣ, компютер ва бо маводҳои конселярӣ таъмин гашта, фаъолияти бомароми онхо ба роҳ, монда шудааст.

Хурсандибахш аст, ки аъзоёни участкаҳои интихоботӣ бо рухбаландӣ ва ташаббускорӣ кор карда истодаанд.