Нишасти матбуотӣ

Имрӯз, 4 апрели соли 2019 вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди ноҳияи Б.Ғафуров иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди ноҳияи Б.Ғафуров Бурҳониён Маъруфҷон доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар се моҳи соли 2019 аз ҷониби суди ноҳияи Б.Ғафуров дар маҷмӯъ 1313 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 113 ададро парвандаҳои гражданӣ, 320 ададро парвандаҳои оилавӣ, 88 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 498 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 294 ададро дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор ташкил медиҳанд.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонун  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 58 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа нисбати 30 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 28 нафар ба маблағи умумии 4780 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонун  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа нисбати 1 нафар ба маблағи умумии 5500 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби суди ноҳияи Б.Ғафуров ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 1699465,35 сомонӣ маблағҳои боҷи давлатӣ ва ҷарима рӯёнида шуд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки ба баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 98 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои суд дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 13 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 5 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, 24 маротиба дар ташкилоту идораҳо ва коллективҳои меҳнатӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, суди ноҳияи Б.Ғафуров 93 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намудааст.

Кормандони суди ноҳияи Б.Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳамаи он камбудӣ ва норасогиҳои дар фаъолияташон ҷойдоштаро бартараф намуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифат ва самаранокии кор дар ҷодаи ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини риояи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ,  иҷроиши ҳукму ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ, ташкили дурусти кори дафтари коргузориро ба анҷом расонида, бо ин роҳ барои таъмини ҳифзи кафолатҳои Кониститусионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода мебаранд.

 

Суди ноҳияи Б.Ғафуров