НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон даp саҳифаҳои таъpихи навини тоҷик ҳамчун pамзи иҷлосияи наҷотбахшy саpнавиштсоз воpид гаpдидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баpобаpаpзиш аст. Агаp эъломия давлатеpо ба номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даp шаҳри Хуҷанд ҳамин давлатpо аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикpо аз гиpдоби нобудӣ беpyн кашид.

Бо таъбиpи Пpезиденти кишваp Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таъpих на танҳо тифли даp гаҳвоpа бyдаи истиқлолиятpо наҷот дод, балки тақдиpи ояндаи ӯpо мyайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолpо ба сӯи ҷомеаи мyтамаддин ва аpзишҳои волои башаpӣ ҳидоят намуд».

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон ба фаpзанди баҳpуманди халқи тоҷик Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ваколати pоҳбаpӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонpо дод, ҳамзамон ба души ӯ вазифаи мypаккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демокpатиpо вогузошт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати саpмеъмоpе баpгyзида шуд, ки мебоист на фақат имоpати аз ҷанг вайpоншyдаи давлати тоҷиконpо таъмин кунад, балки сохтмони онpо баp пояҳои yстyвоpy қавии сифатан нав баpпо намояд. Даp Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон Раиси тозаинтихоби кишваp Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии хyдpо чунин баён каpда буд: «Ба хотиpи истиқлоли сулҳи пойдоp ва бозгашти ҳамаи фиpоpиён ба Ватан ман тайёp ҳастам, ки ҷонамpо қypбон созам».

Баъдтаp ӯ ин андешаи хyдpо тақвият бахшида таъкид намуд: «Азму иpодаи мо даp pоҳи баpпо каpдани давлати демокpатии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳар чанд, ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба тавpи оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, даp баpобаpи ин сулҳу субот баpоямон мyҳимтаpин аpзиш ҳисоб меёбад».

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома ба сарварони гуруҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи оид ба истиќлоли сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлолият иқдоми нахустин гузошт.

Дар ин санади тақдирсоз аз ҷумла изҳор шуда буд: «Бо мақсади таъмин намудани ягонагӣ ва муттаҳидии ҷумҳурӣ Шуморо даъват менамоем, ки 25 ноябри соли 1992 дар соати 14 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҳукумати Тоҷикистон иштирок намоед. Ҳукумати Тоҷикистон ба бехатарии Шумо кафолат медиҳад».

Бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ «Муроҷиатнома ба ҳамаи аъзоҳи сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» (20 ноябри соли 1992) ва Изҳороти Иҷлосияи Шўрои Олӣ қабул карда шуд. Муроҷиатнома ҳизбу созмонҳо ва ҳамаи мардумро ба сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ даъват мекард.

Фирориёнро барои баргаштан ба ватан, даъват намудан мазмун ва мундариҷаи Изҳороти Шӯрои Олиро ташкил менамуд. Раиси Шӯрои Олӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокчиёни иҷлосия муаррифӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд: «Ин иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем».

Пас аз суханронии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони халќ ва сарварони гуруҳҳои силоҳбадаст иҷлосия Қонуни Ҷуҳдурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул намуд. Дар ин лаҳзаи фаромушнашавандаи таърихӣ таҳти кафкубии аҳли толор ҳамаи намояндагони силоҳбадастон ҳамдигарро ба оѓуш кашида, ба ҳамдигар даст дода изҳори дустӣ намуданд. Бо ќарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли 1992  Рӯзи Сулҳи кишвари зарнисорамон эълон гардид.

Иҷлосия Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992  дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят содир кардаанд» қабул кард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, дар вазъи фавқулодда, набудани артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи адолии осоишта ва объектҳои ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ, харобкорӣ, барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ аз роҳбарони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирокчиёни мулоқоти Алмаато (моҳи ноябри соли 1992) муроҷиат намуд, ки ба Тоҷикистон неруҳои маҳдуди сулҳҷуёнаро фиристонанд.

Дар моҳи декабри соли 1992 иҷлосияҳои Шӯрои Олии Узбекистан ва Қазокистон бо мақсади амалӣ гардонидани хоҳиши парлумони Тоҷикистон дар бораи бо мақсади таъмини сулҳ ва оромӣ ба Тоҷикистон фиристодани теъдоди маҳдуди неруи ҳарбӣ қарор ба тавсиб расониданд. Дар баробари дивизияи 201-уми Қувваҳои мусаллаҳи Руссия қисмҳои ҳарбие, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, кафили сулҳу оромии мамлакат мегарданд.

Аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон то имзо шудани Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намуд. Дар давоми қариб чор сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохуриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуд. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик буд.

Инчунин барқарор кардани пояҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол самтҳои асосии фаъолияти давлат буданд.

Сулҳи бебозгашти тоҷикон, қабл аз ҳама, дастоварди ҳамдилии мардуми кишвар ва наќши он, руиҳаи андешаву тафаккури аниқи роҳбарияти давлати мо ва тақвият бахшидани он дар андешаву тафаккури аниқи тамоми ҷонибдорони ин сулҳ ва истиқлоли он дар арсаи сиёсии олам ба шумор меравад. Аз ҳамин сабаб дастовардҳои нодири сулҳи мо буд, ки музокирот ва сулҳофарии мардуми моро имрӯзҳо дар тамоми манотиқи ҷангзадаи олам ҳамчун намунаи мактаби сулҳофарӣ мавриди таҳқиқ ва истифода қарор медиданд.

Дар охир ҳаминро қайд карданиям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

 

Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бекзода Сайрам Ҷумабой