Машғулияти семинарӣ дар суди вилояти Суғд.
Санаи 25 июли соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд машғулияти семинарӣ бо судяҳои суди вилояти Суғд, суди иқтисодии вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳомидзода Умедҷон Абдувоҳидӣ дар мавзӯи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт (моддаҳои 312, 313, 316 иловаи 1, 328 қисми 1, 329 қисмҳои 1 ва 2, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 336 қисми 2, 337 ва 339 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.