Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз 15 ноябри соли 2024 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ ба ин ҷашни миллӣ бо ворид намудани Парҷами давлатӣ ва озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд. Роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва таҳкими давлатдории милливу эъмори давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас судя Маҳмадхонзода З.М., кормандони дастгоҳи суд Бурҳониён А.О., Иззатов Ҷ.И. ва Юлдошев Ш.Ф. дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.