Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 16 ноябри соли 2021 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, ки нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва таҳкими давлатдории милливу эъмори давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд.
Сипас судя Зиёзода М.Ҳ. кормандони дастгоҳи суд Қамаров Қ. ва Ҷамолзода Г.Ҷ., дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.