Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Санаи 6 марти соли 2024 дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор карда шуд. Қабл аз ҳама роҳбарияти суд бонувони суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуда, онҳоро бо туҳфаҳои шоиста қадрдонӣ намуданд.